Амирабдуллоҳиён: Бомбаи истифодашуда дар бемористони Алмаъмадонӣ сирфан дар ихтиёри Исроил аст
(last modified Wed, 18 Oct 2023 12:53:32 GMT )
Октябр 18, 2023 17:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф қарор додани бемористони Алмаъмадонӣ дар Ғазза
    Ҳадаф қарор додани бемористони Алмаъмадонӣ дар Ғазза

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ибрози таассуф аз шароити вахими мардуми Фаластин гуфт, бомбаи истифодашуда дар бемористони Алмаъмадонии Ғазза сирфан дар ихтиёри режими Исроил аст.

Ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар рӯзҳои ахир дар шомгоҳи сешанбе ба авҷи худ расид ва садҳо тан аз фаластиниён дар бемористони Алмаъмадонӣ дар маркази Ғазза ҳадафи ҳамалоти саҳюнистҳо қарор гирифтанд.

Дар ин ҷиноят беш аз 500 нафар аз мардуми бегуноҳи Фаластин, ки бисёре аз онҳо занону кӯдакон буданд, ба шаҳодат расиданд.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар дидори вазири хориҷаи Индонезия, ки дар ҳошияи иҷлоси фавқулодаи кумитаи иҷроии Созмони Ҳамкории исломӣ дар Ҷадда анҷом шуд, бо ишора ба ин ки режими саҳюнистӣ ба ҷои рӯёрӯӣ бо неруҳои муқовимат ба суроғи шаҳрвандони фаластинӣ рафтааст, таъкид кард, бомбае ки барои ҳадаф қарор додани бемористони Алмаъмадонӣ дар Ғазза ба кор рафтааст, сирфан дар ихтиёри Исроил аст.

Амирабдуллоҳиён бо таъкид бар ин ки ҷинояти ҷангии режими саҳюнистӣ бояд фавран мутаваққиф шавад, афзуд, режими саҳюнистӣ бо муҳосираи комили Ғазза ва қатъи обу барқу сӯхт ва мамониат аз кумакҳои ғизоӣ ва доруӣ ва задани бемористонҳо, тасмим ба қатли ому наслкушии фаластиниён гирифтааст.

Вазири хориҷаи Индонезия низ дар ин дидор бо ишора ба дидгоҳи муштарак бо Ҷумҳурии исломии Эрон, бар зарурати ҳимояти фаврӣ аз Фаластин ва мардум дар Ғазза гуфт, лозим аст аз ташдиди вазъият ҷилавгирӣ шавад.