Октябр 21, 2023 19:14 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори шуҳадои фаластинӣ ба 4385 нафар

Мақомоти фаластинӣ эълом карданд, шумори шуҳадо ва маҷрӯҳони фаластинӣ дар ҳамалоти мудовими режими саҳюнистӣ ба Ғазза афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза имрӯз (шанбе) дар тозатарин омор эълом кард, омори шуҳадои ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза ба 4385 нафар афзоиш ёфта, ки аз ин теъдоди 1756 нафар аз онҳо кӯдак ва 976 нафар ҳам зан ҳастанд.

Вазорати беҳдошти Фаластини афзуд, 13561 нафар дар ҳамалоти мудовими ҷангандаҳои режим маҷрӯҳ шуданд.

Бинобар гузориши вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза, 70 дарсади қурбониёни ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза занон, кӯдакон ва афрод солхӯрда ҳастанд.

Дар рӯзҳои ахир режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба шикасти муфтазаҳонаи низомӣ, амниятӣ ва иттилоотӣ баробари муқовимати Фаластин дар амалиёти Тӯфони Ал Ақсо, бо истифода аз бомбҳо ва мӯшакҳои бисёр қавӣ ва пешрафта, зерсохтҳои маскӯнӣ ва ҳаётии Навори Ғаззаро омоҷи ҳамалоти ваҳшиёнаи худ қарор додааст.

 

Барчасп