Декабр 30, 2016 19:32 Asia/Dushanbe
  • Шоҳзодаи баҳрайнӣ гумонбари қатли зани ҷавони хабарнигор

Фаъолони баҳрайнӣ мегӯянд, яке аз аъзои хонаводаи салтанатии ин кишвар омили қатли як хабарнигори зан дар муқобили чашмони фарзанди хурдсолаш будааст.

Рӯзномаи “Телеграф”-и Британия ин хабарро ба нақл аз фаъолони баҳрайнӣ эълом кард.

Хабари кушта ‎шудани Имон Солеҳӣ, хабарнигори 28- сола ва шиаи баҳрайнӣ дар таърихи 3-и дай‎моҳи соли ҷорӣ ба зарби гулӯлаи як мард, мардуми Баҳрайнро ваҳшатзада кард.

Қотил ин зани ҷавонро дар ҳоле дар хиёбон кушт, ки писари 6 солааш аз панҷараи мошин назора‎гари ин саҳнаи даҳшатнок буд.

 Марди муҳоҷим бо шиллики як гулӯла ба сар ин хабарнигори варзишӣ ва маҳбуби телевизиони Баҳрайн, вайро дар шаҳри Аррифоъ ба қатл расонд ва билофосила худро ба полис муаррифӣ кард.

 Бисёре аз афсарони низомӣ ва аъзои хонадони Оли Халифа дар шаҳри Аррифоъ зиндагӣ мекунанд.

 Пас аз вуқӯи ин ҷиноят, Вазорати дохилаи Баҳрайн аз ин ҳодиса танҳо ба унвони “қатли як зан” ном бурд, аммо хабаргузории давлатии Баҳрайн гумонбарро як марди 34 -солаи баҳрайнӣ муаррифӣ кард.

Дар гузоришҳои баъдӣ мушаххас шуд, ки мақомоти низомӣ дар ҳоли бозпурсӣ аз мазнун ҳастанд ва овозаҳо дар бораи ин ‎ки муҳоҷим узви нерӯҳои мусаллаҳи Баҳрайн аст, боло гирифт.

Аз сӯйи дигар, фаъолони гурӯҳи дидабони ҳуқуқи башари Баҳрайн эълом карданд, ки гумонбари ин қатл илова бар низомӣ будан, яке аз аъзои хонадони салтанати Баҳрайн аст.