Натанёҳу: Ҷанги Ғазза вориди марҳалаи сеюм шуд
Нахуствазири режими саҳюнистӣ вуруди ҷанги Ғазза ба марҳалаи сеюм ва густариши таҳоҷуми заминӣ ба ин минтақаро эълом кард.
Ба гузориши “Мидел Ист нюс”, дафтари Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар баёнияе, ки дар шабакаи иҷтимоии “X” мунташир шуд, эълом кард: Мо дар миёнаи ҷангем ва барои худ ҳадафе равшан таъйин кардаем, ки он нобудии тавони низомиву идории Ҳамос аст ва ин ҳадафро ба сурати низомманд муҳаққақ мекунем”.
Натанёҳу гуфт, марҳалаи нахуст тамом шудаву марҳалаи дувум низ бо бомбаборони ҳавоӣ идома дорад ва акнун замони вуруд ба марҳалаи сеюм аз тариқи густариши таҳоҷуми заминӣ ба навори Ғазза фаро расидааст.
Иддаои Натанёҳу дар ҳолест, ки то кунун чандин бор тонкҳои режими саҳюнистӣ ба ҳамроҳи низомиёни ин режим саъй кардаанд вориди Ғазза шаванд, ки дар камини размандагони муқовимат афтода ва бо додани талафот маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳозим Қосим, сухангӯи ҷумбиши Ҳамос бо баёни ин ки амалиёти заминӣ аз сӯи режими саҳюнистӣ амалан оғоз шудааст, аммо ин режим бино ба мулоҳизоти хоси худ намехоҳад онро ошкор кунад, таъкид кард, ғофилгириҳои зиёде барои душман дорем.
Гурдонҳои шаҳид Иззуддин Алқассом, шохаи низомии ҷумбиши Ҳамос субҳи рӯзи сешанбе эълом кард, ягони пиёданизоми артиши режими саҳюнистиро дар наздикии гузаргоҳи Карам Абусолим, дар марзи навори Ғазза бо хумпора ҳадаф қарор додаву хисоратҳое ба он ворид кардааст.