Ноябр 04, 2023 10:51 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши муқовимати Фаластин ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ / Тел-Авив мушакборон шуд

Гурдонҳои ал-Қассом шомгоҳи ҷумъа дар вокуниш ба ҷиноёти режим саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза, ҳамалоти мушакӣ алайҳи Тел-Авив анҷом дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА бар асоси гузориши расонаҳои саҳюнистӣ, ожири ҳушдори ҳамлаи мушакӣ дар Тел-Авив ва манотиқи марказии Фаластини ишғолӣ ба садо даромада ва садои таркишҳои даҳшатнок низ шунида шудааст.

 Асри ҷумъа низ неруҳои муқовимати Фаластин шаҳракҳои саҳюнистии ҳаммарзи Ғаззаро ҳадафи ҳамалоти ракетии худ қарор дода буданд.

 Неруҳои муқовимати Фаластин рӯзи шанбе 15 меҳрмоҳ баробар бо ҳафтуми октябри 2023 амалиёти ғофилгиркунандае бо номи «тӯфон ал-Ақсо» ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеъи рижими ишғолгари Қудс оғоз карданд ва ин режим барои талофӣ ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

 

Барчасп