Бомбаборони бемористони Насри Ғазза аз сӯи саҳюнистҳо
Манбаъҳои расонаӣ аз бомбаборони бемористони Насри Ғазза аз сӯи артиши режими саҳюнистӣ хабар дод.
Неруҳои муқовимати Фаластин рӯзи шанбе ҳафтуми октябри 2023 амалиёти ғофилгиркунандае бо номи «Тӯфони ал-Ақсо» ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) зидди мавозеъи Тел-Авив оғоз карданд ва режими саҳюнистӣ барои талофӣ ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳо ба вежа масоҷид ва марокизи дармонии борикаи Ғаззаро бомбаборон мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз манобеъи фаластинӣ, артиши режими саҳюнистӣ субҳи имрӯз (шанбе ) оворагони фаластиниро, ки барои дар амон мондан аз бомбаборони ин режим ба бемористони кӯдакони Наср паноҳ бурда буданд, ҳадаф қарор дод.
Бар пояи ин гузориш дар ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба вурудии ин бемористон, шуморе аз оворагони фаластинӣ шаҳид ва захмӣ шуданд.
Вазорати беҳдошти Ғазза ҳам эълом кард, теъдоди шуҳадои бомбаборони режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба 9 ҳазору 227 нафар расидааст, 3 826 нафар аз шуҳадо кӯдак ва 2 405 нафар ҳам зан ҳастанд.