Ноябр 09, 2023 18:07 Asia/Dushanbe
  • Шумори шаҳидони Ҷинин ба 7 нафар расид/ 13 нафар захмӣ шуданд

Вазорати беҳдошти Фаластин аз афзоиши шумори шуҳадои шаҳри Ҷинин дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ба ҳафт нафар хабар дод.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, артиши режими саҳюнистӣ зӯҳри имрӯз панҷшанбе ба шаҳри Ҷинин юриш бурд, ки бо муқовимати шадиди муборизон Фаластин рӯбарӯ шуд. Дар ин даргириҳо ду фаластинӣ шаҳид ва 13 фаластинии дигар низ захмӣ шуданд.

Режим саҳюнистӣ сипас бо паҳпод шаҳрвандони фаластиниро ҳадаф қарор дод.

 Бо эҳтисоби ин шаҳидон, шумори шуҳадои Каронаи бохтарӣ аз рӯзи ҳафтум октябр (15 меҳрмоҳ) то кунун ба 172 нафар расид.

 

Барчасп