Ноябр 11, 2023 11:02 Asia/Dushanbe
  • Артиши режими саҳюнистӣ: Шумори куштаҳои Исроил афзоиш ёфт

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, шумори куштаҳои Исроил дар ҳамалоти тӯфони ал-Ақсо афзоиш ёфтааст.

 Ба гузориши хабаргузории "Само"и Фаластин, Даниэл Ҳгори-сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ гуфт: Шумори куштаҳои низомии артиши Исроил ва афсарони он аз ҳафтуми октябр то кунун ба 365 тан расидааст.

 Ҳгори пештар шумори низомиён ва афсарони кушташудаи саҳюнист дар ҷанги Ғаззаро 351 тан эълом карда буд.

 Артиши режими саҳюнистӣ ҷумъашаб кушта шудани як низомии дигари худ дар Ғаззаро таъйид кард, то шумори низомиёни кушташудаи ин режим аз оғози амалиёти заминӣ ба 36 нафар бирасад.

 Манобеъи хабарӣ ҳамчунин эълом карданд, ки сарҳанги Шлдог Зиъур-фармондеҳи қисми зиреҳии артиши режими саҳюнистӣ дар меҳвари Ғазза кушта шудааст.

Они Иуидон-мушовири Зиъур низ дар ҳамин минтақа кушта шуд.

 Шлдог то ин лаҳза олитарин рутба дар артиши режими саҳюнистӣ аст, ки дар ҳамлаи заминӣ ба Ғазза кушта шудааст.

 Аз сӯи дигар радиои артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки бар асари ҳамалоти паҳподӣ ва шиллики мушаки зиддизреҳ аз Лубнон ба шимоли Фаластини ишғолӣ, 5 низомии исроилӣ захмӣ шуданд ва ҳоли 3 нафар аз маҷрӯҳон вахим эълом шудааст.

 

Барчасп