Баёнияи поёнии нишасти арабӣ - исломӣ дар Риёз
Дар баёнияи поёнии нишасти сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар Риёз бар лузӯми шикасти муҳосира алайҳи Ғазза ва вуруди корвонҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона ба сӯрати фаврӣ таъкид шуд.
Нишасти муштараки Иттиҳодияи Араб ва Конфронси исломӣ бо ҳадафи баррасии ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза имрӯз (шанбе) дар Риёз бо ҳузури сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ баргузор шуд.
Ба гузориши ИСНА, дар баёнияи поёнии ин нишаст зимни маҳкӯмияти ҳамлаи режими ишҒолгар алайҳи Навори Ғазза, ҷиноятҳои ҷангӣ ва кушторҳои шанеъи анҷом шуда, бар лузӯми лаҒви муҳосираи эъмол шуда алайҳи Ғазза ва вуруди фаврии корвонҳои кумакҳои башардӯстона, ки шомили маводи ғизоӣ, дору ва сӯхт ба Ғазза аст, таъкид шудааст.
Ин баёнияи эълом медорад: «Аз Шӯрои амният мехоҳем, ки тасмиме фаврӣ барои маҳкӯм кардани тахриби ваҳшиёнаи бемористонҳо дар Навори Ғазза тавассути Исроил бигирад. Мо ҳамчунин аз тамомии кишварҳо мехоҳем, ки содироти силоҳу муҳимот ба мақомоти ишғолгарро мутаваққиф кунанд.»
Баёнияи ҳамчунин таъкид дошта, бо тавсифи ҷанги талофиҷӯёна алайҳи Ғазза ва дифо аз худ ё тавҷеҳи он таҳти ҳар баҳонае мухолифат дорад.
Ширкаткунандагон дар нишасти сарони кишварҳои арабӣ - исломӣ дар баёнияи поёнии нишасти худ, таъкид карданд: Ҷо ба ҷоии ҳудӯди яку ним миллион фаластинӣ аз шимоли Навори Ғазза ба ҷануби онро, ки тибқи Конвенсияи чаҳоруми Женеви 1949 ва замимаи он дар соли 1977 , навъе ҷинояти ҷангӣ маҳсӯб мешавад, маҳкӯм мекунем ва аз тарафҳои тавофуқи Женев мехоҳем, ки дар маҳкӯмияти он тасмиму тадобири ҷамъӣ иттихоз кунанд ва ҳамчунин аз ҳамаи ниҳодҳои марбӯт ба Созмони милал маехоҳем, ки бо талоши мақомоти режими ишғолгар барои тадовуми ин вазъияти асафбор зидди инсонӣ муқобила кунанд ва бар лузӯми бозгашти фаврии оворагони фаластинӣ ба хонаҳо ва манотиқашон таъкид кунанд.
Сарони кишварҳои исломӣ дар идомаи баёнияи поёнии худ бар радди комилу мутлақу посухи ҷамъии худ ба ҳар гуна талош барои ҷобаҷоии иҷбории фардӣ ё ҷамъӣ, оворагии иҷборӣ ва ё табъиду кӯчи иҷбории мардуми Фаластин чӣ дар дохили Навори Ғазза ё Каронаи Бохтарии руди Урдун, аз ҷумла Байтулмуқаддас, ё хориҷ аз қаламрави он ба ҳар мақсади дигаре таъкид ва эълом карданд, ки ин як хати қирмизу ҷинояти ҷангӣ аст.
Сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ ҳамчунин аз Шӯрои амният хостанд, ки тасмимии қотеъ ва илзомовар барои таваққуфи таҷовузоти режими саҳюнистӣ алайҳи Фаластин иттихоз кунаду режими ишғолгарро, ки қавонини байналмилалӣ, қавонини башардӯстона ва қатъномаҳои байналмилалиро нақз мекунад, маҳор кунад: «Бинобар ин, сарбоз задан аз иҷрои ин тасмими қотеъ, навъе ҳамдастӣ бо Исроил аст, ки ба он иҷоза медиҳад то ба таҷовузоти ваҳшиёнаи худу куштори мардуми бегуноҳ, кӯдакон, солмандону занони Фаластин идома диҳад.»