Иддаои ТелАвив дурӯғ баромад – хабаре аз силоҳ дар бемористони Шифо нест
-
Ҳеҷ силоҳ ва ё асири исроилӣ дар дохили сохтмони Шифо пайдо нашуд
Расонаҳои ибризабон эътироф карданд, дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба бемористони Шифо дар Ғазза ҳеҷ силоҳ ва ё асири саҳюнисте пайдо нашудааст.
Ба гузориши “Фаластин-ал-явм”, расонаҳои ибризабон эътироф карданд, низомиёни саҳюнистӣ, ки ба бемористони Шифо дар Ғазза ҳамла кардаанд, ҳеҷ силоҳ ва ё асири исроилӣ дар дохили сохтмони ин бемористон пайдо накарданд.
Масъулони режими саҳюнистӣ пеш аз ин муддаӣ шуда буданд, ки неруҳои муқовимати Фаластин аз бемористони Шифо ба унвони мақарри худ ва маҳалли нигаҳдории силоҳу асирони саҳюнист истифода мекунанд. Расонаҳои ибризабон низ бо интишори тасовири марбут ба як шикоф рӯи замини наздики бемористони Шифо муддаӣ шуда буданд, ки ин шикофу дарича нишондиҳанда вуҷуди мақарҳои зеризаминии Ҳамос аст, аммо баъдан маълум шуд, ки ин дарича марбут ба маҳалли ҳавокашии зерзамини бемористон будааст.
Хабарнигори шабакаи Алмаёдин гузориш додааст, ки дар ҷараёни ҳамлаи аносири артиши режими саҳюнистӣ ба бемористони Шифо тайи бомдоди имрӯз теъдоде аз фаластиниҳои мустақар дар ин бемористон ба шаҳодат расидаву теъдоде низ захмӣ шудаанд. Илова бар ин, ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ манотиқи атрофи бемористони Шифоро низ дарҳам кӯбиданд.
Муҳаммад Зақут, мудири кулли бемористонҳои навори Ғазза низ таъкид кард, ишғолгарони саҳюнист илова бар бемористони Шифо, ба бемористонҳои дигари навори Ғазза низ ҳамла кардаанд, аммо ҳеҷ хабаре аз неруҳои Ҳамос ё дигар гуруҳҳои фаластинӣ дар ин бемористонҳо набудааст.