Ноябр 18, 2023 14:44 Asia/Dushanbe

Шашумин Намоишгоҳи байналмиллалии гардишгари Туркия бо муаррифи ҷозибаҳои гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон дар Маркази намоишгоҳҳои байналмиллалии Анқара дар ҳоли баргузорӣ аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,шашумин Намоишгоҳи байналмиллали гардишгарии Туркия ба муддати чаҳор рӯз (16 то 19 ноябр 2023) идома дорад ва колоҳои ҳунарӣ ва зарфиятҳои гардишгарии панҷоҳ кишвари ҷаҳон дар ин намоишгоҳи тахассусӣ ба намоиш даромадааст.

Ғурфаи Эрон дар шашумин Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Туркия, шомили муаррифи ҷозибаҳои диданӣ ва саноеъи дастӣ аз ҷумла фарши дастбофти абрешими эронӣ буда ва бо истиқболи хуби боздидкунндагон рӯбарӯ шудааст.

 Зарфиятҳои гардишгарии устон Ардабил ба унвони пойтахти гардишгарии кишварҳои узви ЭКО дар соли 2023 ҳам дар Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Туркия ба намоиш даромадааст.

 Сайидқосим Нозимӣ-ройзани фарҳангии Эрон дар Туркия гуфт: Туркҳо барои дидани ҷозибаҳои гардишгарӣ ва таърихии Эрон муштоқ ҳастанд ва ширкатҳои гардишгари эронӣ, иттилооти дақиқе дар бораи дидниҳои Эрон ба гардишгарони турк ироа кунанд.

 Ҳамчунин шуморе аз шаҳрвандони турк ва боздидкунндагони ғурфаҳои Эрон дар Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Туркия тасреҳ карданд: Саноеъи дастии Эрон ба вежа фарши дастбофти абрешими эронӣ бо сифат, ҳунармандона ва зебост.

 

 

Барчасп