Июл 31, 2016 21:04 Asia/Dushanbe
  • Масъулияти торихии Парлумони Ироқ, марҳаме бар захмҳои боқимонда аз Ҳизби баъс

Намояндагони Маҷлиси Ироқ, қонуни мамнуият ва ҷурм талаққӣ шудани узвият дар Ҳизби мунҳалшудаи баъсро тасвиб карданд.

Ин қонун рӯзи шанбе дар Маҷлиси намояндагони Ироқ тасвиб шуд ва бар асоси он, бозгашти Ҳизби мунҳалшудаи баъс бо ҳар унвоне ба қудрат, фаъолияти сиёсӣ ва ҳизбӣ дар Ироқ мамнӯъ ва ҷурм талаққӣ мегардад.

Пеш аз ин ҳам ҳудуди яксолу ними гузашта, ҳайъати давлати Ироқ қонуни бозхост ва адолат ва мамнуияти фаъолияти Ҳизби баъсро тасвиб карда буд. Бар асоси ин мусаввабаи давлати Ироқ, ҳаргуна фаъолияти Ҳизби мунҳалшудаи баъс дар сохтори сиёсӣ ва дигар марокиз мамнуъ эълом шуд.

Иқдоми намояндагони Маҷлиси Ироқ ба навъе такмилкунандаи роҳи давлат буда, чун бо тасвиби қонуни мамнуияти узвият дар Ҳизби мунҳалшудаи баъс дар парлумон, ин тасмими миллӣ ба қонун табдил шудааст.

Ҳар мавзуе дар парлумон тасвиб шавад ва ба қонун бадал гардад, фароҷиноҳӣ ва мухтас ба парлумон, давлат ва гурӯҳи хос нест ва тахаттӣ аз он дар ҳар замоне ҷурм талаққӣ мегардад, магар инки ин қонун аз маҷории тасвибшуда бори дигар лағв гардад.

Ончи рӯзи шанбе Дар маҷлиси намояндагони Ироқ мушоҳида шуд, намоиши масъулияти торихӣ ва миллии парлумон аст, чун аввало хости мардуми Ироқ муҳаққақ гардид ва сониян ҳамкории созандаи давлат ва маҷлис дар мавзуе миллӣ ва торихӣ ошкор шуд. Таомули давлат ва маҷлис санги бинои ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ аст.

Ҳизби мунҳалшудаи баъс дар азҳони умумии мардуми Ироқ, ёдовари ҷиноятҳои даврони Саддом ва аз соли 2003 ҳам хиёнат ба ироқиҳо ба сабаби ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар куштори мардум аст.

Торихи даврони ҳукумати Саддом саршор аз ҷурму ҷиноят буд. Саддом аз соли 1979 то соли 2003 ба намояндагӣ аз Ҳизби баъс дар қиболи қавмиятҳои мухталиф дар Ироқ, сиёсати мушти оҳанинро пайгирӣ кард. Саркуб, куштор ва кучи иҷборӣ аз ҷумлаи сиёсати нажодии Ҳизби баъс дар даврони режими баъси Саддом буд.

Авҷи ҷинояти Ҳизби баъс, куштори курдҳои Ироқ ба дастури шахси Саддом дар солҳои 1988 ва 1989 аст, ки дар ҷарёни Амалиёти анфол рух дод. Торихи ҳукумати 24 солаи Саддом, мамлу аз ҷиноятҳое аз навъи Амалиёти анфол аст. Саркубгарии сиёсии амниятӣ ва низомии режими баъси Саддом дар торихи Ироқ намуди айнӣ дорад ва бо вуҷуди фурупошии ин режим, ҳамчунон ёдоварии захмҳои гузашта ва таҳаррукоти ҷадиди Ҳизби мунҳалшудаи баъс, мардуми Ироқро озурдахотир мекунад.

Каме беш аз ду сол пеш (10-и июни 2014) бо ҳамкории муштараки Ҳизби баъс ва ДИИШ, шаҳри Мусил, маркази устони Найнаво дар шимоли Ироқ суқут кард. Ин ҳамкорӣ ва ҷиноятҳои диишӣ-баъсӣ, тадоикунандаи даврони режими ҷаллоди Саддом аст.

Масъулони аршади Ҳизби мунҳалшудаи баъс бо ДИИШ ҳамкорӣ доранд ва ҳатто фармондеҳони диишӣ дар майдони набард дар Ироқ баъсӣ ҳастанд. Иброҳим Иззаталдурӣ, муовини вақти Саддом ҳамкории наздик бо ДИИШ дорад. Ҳадафи ҳамкории ин ду ҷаллод, амиқ кардани захмҳои куҳнаи баҷомонда аз ҷиноятҳои Саддом аст. ДИИШ дар Ироқ ҳамон кореро анҷом медиҳад, ки Саддом дар даврони ҳукуматаш анҷом дод.

Ҳизби баъс ва ДИИШ, ду рӯи як сикка ҳастанд, чун ҳар ду омилони қатл ва кушторҳо дар Ироқ ҳастанд, ки аз абзор ва шеваҳоияксон истифода мекунанд. Буридани бахше аз аъзои бадани мардуми Ироқ (монанди гуш) ба дасти авомили Саддом имрӯз дар ДИИШ комилтар шудааст ва одамкушони диишӣ дар авҷи вақоҳат сари мардуми бегуноҳи ироқиро аз ҳар нажоде дар баробари дурбинҳо аз баданаш ҷудо мекунанд.

Дар ҳоле, ки ДИИШ дар чорчуби амкорӣ бо Ҳизби мунҳалшудаи Баъс муртакиби ҷиноят мешавад, иқдоми Маҷлиси намояндагони Ироқ дар мамнуият ва ҷурм донистани узвият дар Ҳизби баъс, амал ба масъулияти торихӣ, миллӣ ва зарбае корӣ ба ДИИШ ва ҳомиёни онон аст .