Декабр 31, 2016 19:28 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Димишқ бо пешниҳоди Давҳа яке аз далоили буҳрони Сурия

Раисиҷумҳури Сурия гуфт, мухолифати Димишқ бо кашидани хатти лӯлаи нафти пешниҳодии Қатар, яке аз далоили роҳандозии ҷанг дар Сурия аз соли 2011 буд.

Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия дар бораи мухолифати Димишқ бо пешниҳоди Давҳа дар бораи эҳдоси хатти лӯлаи нафт, эълом кард, бо вуҷуди он ки ин пешниҳод ҳаргиз ба таври ошкор ба Сурия эълом нашуд, аммо бетардид ин амр барномарезӣ шуда ва ҳадафманд буд.

Вай бо ишора ба ҳимоятҳои мустақим ва ғайримустақими Ғарб аз гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар гуфт, кишварҳои зиёде аз ҷумла Қатар, ки бо сиёсати Димишқ мухолиф буданд, намехостанд Сурия маркази энержӣ ва ё ин, ки ҳатто нуқтаи ҷудоии хутути роҳи оҳан бошад.

Башор Асад ҳамчунин бо ибрози итминон аз бозгашти мардуми Сурия ба кишваршон пас аз ҷанг ва таваллуди дубораи он афзуд, пас аз нобудии терроризм, миллати Сурия бо таҷрибиёти бешумор дар ин масир, қудратмандтар аз ҷомеае хоҳанд буд, ки пеш аз ҷанг буд.

Раисиҷумҳури Сурия бо истиқбол аз ҳамкорӣ бо ғарбиҳо пас аз тағйири сиёсатҳои иштибоҳи онон дар қиболи ин кишвар хотирнишон кард, нақши масеҳиҳо дар Сурия, ки ҳамвора шоҳиди танаввӯъ буда ва тавоиф ва адёни зиёдеро дар худ ҷой дода, таъсиргузор будааст.

 

Барчасп