Ноябр 21, 2023 19:29 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил/Оқибати истимрори ҷанги ҳамаҷониба алайҳи Ғазза; Гушоиши ҷабҳаи ҷадид аз Яман

Бо оғози ҳамалоту бомбаборони Борикаи Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ тайи яку ниммоҳи гузашта, густариши ҷабҳаҳои ҷанг ҳамвора яке аз бадтарин кобӯсҳои саҳюнистҳо дар ин набард будааст.

Кобӯсе, ки ҳамзамон бо оғози бомбаборони Ғазза бо вокуниши Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон таъбир шуд ва акнӯн тайи рӯзҳои гузашта нерӯҳои муқовимат дар Яман низ ҷабҳаи дигареро алайҳи ишғолгарони саҳюнист дар Дарёи Сурх гушӯдаанд. Ҷадидтарин иқдоми ғофилгиронаи неруҳои яманӣ алайҳи ишғолгарони саҳюнист бо тавқифи як киштии мутаъаллиқ ба тоҷири исроилӣ дар охирин сооти рӯзи якшанбе сӯрат гирифт.

Неруҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе дар бораи ҷузъиёти тавқифи киштии режими саҳюнистӣ дар Дарёи Сурх таъкид кард, ки тамомии киштиҳои ин режим ва ҳамчунин киштиҳои дар таъомул бо Тел Авив ҳадафи машрӯъи неруҳои мусаллаҳи Яман ҳастанд.

Яҳё Сареъ, сухангӯи расмии неруҳои мусаллаҳи Яман дар ин бора изҳор дошт, неруи дарёии неруҳои мусаллаҳи Яман дар ростои иҷрои дастӯроти раҳбари муаззам (Абдулмалики Бадриддин Ал Ҳавсӣ) ва дар посух ба мутолиботи миллати бузурги Яману ҳамаи озодагони уммат ва бар асоси масъӯляти динӣ, инсонӣ ва ахлоқӣ дар қиболи миллати Фаластин, амалиёти низомиро дар Дарёи Сурх анҷом дод, ки натиҷаи он тавқифи як киштии исроилӣ ва интиқоли он ба савоҳили Яман буд.

Муҳаммад Ал Бахитӣ, узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳи Яман дар гуфтугӯ бо Алҷазира гуфт, ки дар сӯрате, ки ҷанг алайҳи Ғазза мутаваққиф нашавад, гузинаҳои зиёде пеши рӯ худ хоҳем дошт.

Зайфуллоҳ Ал Шомӣ, вазири иттилоърасонии Давлати наҷоти миллии Яман дар бораи таҳаввулоти марбӯт ба тавқифи киштии саҳюнистӣ дар Дарёи Сурх ба дасти размандагони яманӣ гуфт, мо дар бораи ҳамаи киштиҳои исроилӣ, ки аз Дарёи Сурх убӯр мекунанд, иттилооти комил дар ихтиёр дорем.

Муҳаммад Абдусалом, сухангӯи Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба ин ки ҳаргуна талош барои ҷилавгирӣ аз густариши доманаи даргириҳо ба таваққуфи таҷовузгарии режими Исроил бастагӣ дорад, таъкид кард, ки амалиёти тавқифи киштии исроилӣ шурӯи кор аст, ҷаҳон бояд бидонад, ки ҷиноёти режими Исроил дар Ғазза тамоми марзҳо ва қавонинро зери по гузоштааст .

Агарчӣ тавқифи киштии исроилӣ бо ғофилгирӣ ва тааҷҷуби раҳбарону мақомоти Тел Авив рӯ ба рӯ шуд, аммо аз муддатҳо пеш неруҳои яманӣ нисбат ба иқдомот алайҳи ишғолгарони саҳюнист ҳушдор дода буданд.

Баназар мерасад, ки мақомоти сиёсӣ ва низомии Тел Авив нахоста ва ё ба ҳушдорҳои неруҳои муқовимати Яман дар рӯзҳои гузашта бовар надоштаанд ва акнӯн тавқифи як киштии исроилӣ бори дигар раҳбарони саҳюнистро дар як шоки ҷадид фурӯ бурд.

Саҳюнистҳо як бор моҳи гузашта бо оғози амалиёти Тӯфони Ал Ақсо дар ҷануби манотиқи ишғолӣ, ғофилгир ва гирифтор шуда буданд ва акнӯн ин ғофилгирӣ аз Дарёи Сурх ва аз ҷониби неруҳои яманӣ домани ишғолгаронро гирифтааст. Шоке, ки аз тарафи дигар як шикастро мутаваҷҷеҳи неруҳои амниятӣ ва дастгоҳҳои иттилоотии Тел Авив кардаасту нишон медиҳад, ки Тел Авив қодир ба пешибинии рафторҳо ва барномаҳои гуруҳҳои муқовимат дар минтақа нест.

Муассисаи мутолиоти амнияти дохилии режими саҳюнитӣ эълом кар, анҷоми амалиёт аз Яман зидди шаҳраки Элот дар Исроил, такмилкунанда талошҳои меҳвари муқовимат барои тангтар кардани ҳалқа ба даври Исроил аст то эҳсоси муҳосира ва набуди макони амнро барои Тел Авив тақвият кунад. Бар асоси изъони ин муассиса, таҳдиди меҳвари муқовимат зидди Тел Авив, аз тариқи ҳамла ба киштиҳои исроилӣ дар Дарёи Сурх ва дар пайи он масдӯд шудани масири ҷанубӣ ба рӯи режими саҳюнистӣ, ташдид хоҳад шуд.

Бо шикасти дубораи дастгоҳҳои амниятӣ ва иттилоотии Тел Авив дар пешбинии амалиёти неруҳои муқовимат дар Дарёи Сурх, эҳтимолан акнӯн муҳимтарин пурсиши пеши рӯи саҳюнистҳо ин аст, ки ҳамлаи баъдии гуруҳҳои муқовимат аз куҷо ва дар чӣ замоне хоҳад буд? Посух ба ин пурсиш барои неруҳои саҳюнистӣ тақрибан ғайримумкин аст, аммо онҳо ин итминонро доранд, ки идомаи ҳамалоту бомбаборони ғайриинсонии Ғазза бидуни посух нахоҳад монад.

Бар ин асос тардиде нест, ки тупи густариш ё адами густариши доманаи ҷанги Ғазза дар замини режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни ғарбии он аст ва бетаваҷҷӯҳии он метавонад ҷабҳаҳои ҷадидеро алайҳи ин режим бигушояд.

 

Барчасп