Тафсир - Чаро ҷанги Ғазза поён намеёбад ?
46 рӯз аз ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Борика Ғазза мегузарад, аммо ҳанӯз нишонаҳои дол бар хотимаи ҷанг дида намешавад.
Дар 46 рӯзи гузашта беш аз 13 ҳазору 300 фаластини тавассути режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расидаанд, ки 5 ҳазору 600 нафар кӯдак ва 3 ҳазору 500 нафар низ зан ҳастанд. Беш аз 30 ҳазор нафар низ токунӯн захмӣ шудаанд. 64 хабарнигор ҳам дар асари ин ҷанг ба шаҳодат расидаанд. Марокизи дармонии Ғазза ё тахриб шуда ва ё ба иллати набуди сӯхт таътил шудаанд. Барномаи ҷаҳонии ғизои вобаста ба Созмони Миллали Муттаҳид эълом кард наздик ба 2 . 2 миллион нафар дар Ғазза ба кумакҳои фаврии ғизоӣ ниёзманданд. Шахсиятҳо ва ниҳодҳои мухталиф борҳо изъон карданд ончӣ режими саҳюнисти алайҳи мардуми Ғазза анҷом медиҳад мисдоқи боризи наслкушӣ аст. Суоли муҳим ин аст ки чаро ҷанги мутаваққиф намешавад ?
Ба назар мерасад ду далел дар бораи мутаваққиф нашудани ҷанги Ғаззаи вуҷӯд дорад далели нахуст ин аст, ки баъд аз гузашти 46 рӯз аз ҷанг, режими ишғолгар Қудс ҳануз муваффақ нашуда аст дастовард дошта бошад. Озодии усаро ва аз байни бурдани Ҳамос ду ҳадафи аслии режими саҳюнистӣ дар ҷанги алайҳи Ғазза буд. Ҳануз режими саҳюнистӣ муваффақ ба озодии як асири худ ҳам нашуда ва ҳатто аз макони нигаҳдории усаро низ хабарӣ надорад. Ин режим тасаввур мекард усаро дар зери бемористонҳо ва мадорис ҳастанд, аммо исбот шуд, ки ин бардошти нодуруст буд ва шикасти иттилоотии даигаре барои режим рақам хурд. Арозии ишғолии шоҳиди баргузории тазоҳуроти алайҳи Кабинаи Нитанияҳу аст ва далели аслии ин тазоҳурот низ нотавонии Кабина дар озодии усаро аст. Илова бар ин. аз байн бурдани Ҳамос на танҳо муҳаққиқ нашуд балки размандагони Ҳамос дар ҷанги заминӣ, заработи зиёди моддӣ ва инсонӣ ба режими ишғолгари Кудси ворид карданд. Таваққуфи ҷанг дар чунин шароит шикасти режими саҳюнистӣ ва пирӯзии муқовимати Фаластин маҳсӯб мешавад.
Дар ҳамин росто, Ҷон Керӣ. сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико гуфт : « Мо ҳануз бовар надорем, ки замони муносиб барои анҷоми оташбаси куллӣ фаро расида аст. Оташбаси куллӣ ба маънои таваққуфи комили даргириҳо дар саросари Ғазза аст ки ба боварии мо ин мавзӯъ дар ҳоли ҳозир ба сӯди Ҳамос аст. »Далели дуввум низ ин аст, ки ҳануз иродаи қудратҳои ғарбӣ бар поён додан ба ҷанг нест. Замоне, ки як тарафи ҷанг наметавонад пирӯз шавад ва ҷанг ба самти фарсоишӣ шудан ҳаракат мекунад фишорҳои хориҷӣ метавонад заминаи таваққуфи ҷангро фароҳам кунад. Қудратҳои ғарбӣ монанди саҳюнистҳо дар паи пирӯзии режими ишғолгар дар ин ҷанг ҳастанд, мавзӯе. ки ҳануз асаре аз он дида намешавад. Мушовири амнияти миллии Исроил аз солҳои 2011 то 2013 ва генероли олии рутбаи бознишастаи артиши Исроил муътақид аст, ки давлати кишвараш дар ҳоли ҳозир фишори воқеъӣ аз ҷониби Амрико ҳис намекунад. Ӯ мегуяд : « Танҳо фишор барои ин аст, ки омори куштори ғайринизомиён коҳиш ёфта ва кумакҳои башардӯстонаи бештаре барои ғайринизомиён иҷозаи вуруд ба навори Ғазза пайдо кунанд . »