Ноябр 26, 2023 11:58 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии хохоми саҳюнист аз талафоти режими саҳюнистӣ фақат дар як руз
    Ифшогарии хохоми саҳюнист аз талафоти режими саҳюнистӣ фақат дар як руз

Як хохоми саҳюнист ба талафоти густардаи низомиёни режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи заминии ба Ғазза эътироф кард.

Амалиёти заминии низомиёни саҳюнист дар борикаи Ғазза аз рузи ҷумъа 27 октябр дар бистуякумин руз аз амалиёти Туфони алақсо зидди режими саҳюнистӣ оғоз шуд ва ишғолгарони саҳюнистт саранҷом пас аз талошҳои мукаррар барои нуфузи заминии маҳдуд ба манотиқи мухталифи Ғазза дар рузҳои қабли амалиёти заминии зидди ин минтақаро калид заданд ва фармондиҳии ҷануби артиши ишғолгар аз оғози ҳамлаи замини аз чанд меҳвар дар Ғазза хабар дод.

Ба гузориши араби 21  Борух Рузнблум як хохоми саҳюнист ба нақл аз як низомии саҳюнист бо ифшогарӣ дар бораи талафоти режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ҳамлаи замини ба Ғазза гуфт: Фақат дар як шаб се танки зиреҳи аз навъ "Бабр" мунҳадим шуд ва 36 низомии саҳюнистӣ ҳам кушта шуданд.

Пеш аз ин ҳам Абу Убайда сухангуи гурдонҳои Айззуддин Алқисом шохаи низомии ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" гуфт: Неруҳои муқовимат 335 худрави танки низомии саҳюнистӣ дар ҷараёни ҳамлаи заминӣ ба борӣкаи Ғаззаро мунҳадим кардаанд.

Талафоти режими саҳюнистӣ дар таҷовузи ваҳшиёна ба борикаи Ғазза пеш аз иҷрои шудани оташбас зиёд шуд.

Оташбаси чаҳор рузаи байни режими саҳюнистӣ ва ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" дар борикаи Ғазза аз соъати 7 субҳи ҷумъа 24 ноябр оғоз шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп