Таҳлил. Ҷанги Ғазза ва шиддат гирифтани мушкилоти иқтисодии Исроил
(last modified Mon, 27 Nov 2023 15:06:08 GMT )
Ноябр 27, 2023 20:06 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ мутаҳаммили талафоти сангини инсониву иқтисодӣ шуд
    Режими саҳюнистӣ мутаҳаммили талафоти сангини инсониву иқтисодӣ шуд

Ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи борикаи Ғазза дар шароите пас аз ҳудуди 50 рӯз ба оташбаси муваққат анҷомид, ки Тел-Авив мутаҳаммили ҳазинаи иқтисодии сангине шуд.

Режими саҳюнистӣ мумкин аст наслкушӣ дар Ғаззаро барои худ пирӯзӣ қаламдод кунад, аммо тардиде нест, ки ин режим дар саҳнаи воқеии ҷанг ҳеҷ пирӯзӣ надоштааст. На танҳо аҳдофи низомии он таъмин нашуд, балки мутаҳаммили талафоти сангини инсониву иқтисодӣ шуд.

Дар буъди иқтисодӣ вазорати дороии режим дар октябр эълом кард, ки ҳазинаи ҷанг рӯзона ҳудуди 270 миллион доллар аст. Ин рақам, яъне моҳона беш аз 8 миллиард доллар. Дар ҳоле ки буҷети эъломии солонаи Вазорати ҷанг ҳудуди 24 миллиард доллар аст. Ба иборати дигар ҳудуди 16 миллиард доллар, яъне муодили ҳудуди 70 дарсади буҷети низомии солонаи режим тайи 50 рӯз харҷ шуд.

Дар гузоришҳои дигаре ҳазинаҳои иқтисодии ҷанг ба маротиб болотар эълом шуд. Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ дар гузорише аз нишасти мудирони аршади вазорати дороии ин режим бо кабинаи амниятӣ хабар дод, ки 3 соат ба тӯл анҷомида ва дар он ба хароҷоти ҷанг алайҳи Ғазза пардохта шудааст. Бар асоси иттилооти ироашуда дар ин нишаст ҳар рӯзи ҷанг ҳудуди як миллиард шекел ҳазина барои режими саҳюнистӣ ба дунбол дошта ва ин шомили ҳазинаҳои мустақими ҷанг мешавад, ки аз ҷумлаи онҳо пардохти маоши низомиён аст, ба тавре ки ҳар сарбози вазифа рӯзона 1000 шекел дарёфт намуда, илова бар он ки ҳазинаҳои парвози ҷангандаҳову сӯхти онҳо ва таъмини ғизову адавоти низомӣ низ бахши дигаре аз ин маболиғро шомил мешавад.

Ҳамчунин ҷанг сабаби касрии буҷети Исроил шуд. “Файнешнл таймс” гузориш кард, ки касрии буҷети Исроил дар соли оянда (2024) ба се баробар афзоиш хоҳад ёфт ва ба рақаме ҳудуди 5 то 8 дарсади тавлиди нохолиси дохилиаш хоҳад расид.

Бонки марказии режими саҳюнистӣ низ эълом кард, хисороти воридшуда ба иқтисоди ин режим ба далели камбуди неруи инсонӣ ба 2. 3 миллиард шекел дар ҳафта расидааст. Ин ниҳоди саҳюнистӣ афзуд, ин ҳазинаҳо ношӣ аз баста шудани бисёре аз мадорис дар нуқоти мухталифи арозии ишғолӣ ва ҷобаҷоии ҳудуди 144 ҳазор неруи кор аз манотиқи наздик ба марзҳои Ғаззаву Лубнон ва ҳамчунин фаро хонда шудани неруҳои эҳтиёт ба хидмати ҳарбӣ аст.

Давлати режими саҳюнистӣ 360 ҳазор нафар аз сарбозони эҳтиёти худро барои ҳузур дар хидмати низомӣ фаро хонда, ки ин бештарин мизон дар таърихи ин режим дар ҷангҳои гузаштаи он алайҳи Ғазза маҳсуб мешавад ва ҳамин масъала боис шуда бисёре аз коргарону кормандон маҷбур ба тарки маҳалли кори худ шаванд.

Маҷмӯи ин шароит сабаб шуд, ки режими саҳюнистӣ шуруъ ба ислоҳи буҷети 2023 кунад, амре ки худаш ба маҳалли ихтилофи дохилӣ табдил шуда ва дар сояи ахбори ҷанг хеле сару садояш шунида намешавад.

Мушкилоти иқтисодии режими саҳюнистӣ дар ҳоле дар асари ҷанги 50 рӯза афзоиш ёфт, ки чолишҳои иқтисодӣ яке аз далоили эътирозоти густардаи мардумӣ пеш аз вуқуи ҷанги ахир буд.