Ноябр 30, 2023 11:38 Asia/Dushanbe
  • Қатар : Тамдиди оташбаси Ғазза тайи соъоти оянда эълом мешавад.
    Қатар : Тамдиди оташбаси Ғазза тайи соъоти оянда эълом мешавад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Қатар тасреҳ кард, тамдиди оташбаси муваққати миёни режими саҳюнистӣ ва ҷумбиши Ҳамос тайи соъоти оянда эълом мешавад.

Ба гузориши Алҷазира, Моҷид Алнасории сухангӯии вазорати хориҷаи Қатар дар гуфт вгў бо сӣ ани ан аз эҳтимоли тамдиди тавофуқи оташи баси миёни режими саҳюнистӣу ҷумбиши муқовимати исломии Фаластини ҳамос хабар дод.

Алнасорӣ таъкид кард : Мо нисбат ба тамдиди оташбаси миёни Исроил ва  Ҳамос дар соъоти пеши рӯ хушбин ҳастем.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Қатар бо ишора ба фазои ҳоким бар музокироти оташбас идома дод : Музокира дар хусӯси оташбас идома дорад ва ин мавзӯъ дар фазои мусбат дар ҷараён аст.

Гуфтанӣ аст имрӯз рӯзи поёнии тавофуқи оташбаси миёни режими саҳюнистӣ ва ҷумбиш Ҳамос аст.  Ин оташбас ибтидо ба муддати 4 рӯз барқарор шуд ва пас аз он ду рӯзи дигар низ тамдид шуд.  Бар асоси ин тавофуқ ба изои озодии ҳар асири саҳюнист назди муқовимати 3 асири фаластинӣ ки дар банди зиндонҳои режим саҳюнистӣ ҳастанд озод мешаванд ва ҳаҷми мушаххасе аз кумакҳои башардӯстона аз ҷумлаи сӯхти вориди Навор Ғазза хоҳад шуд ; ин дар ҳоле аст, ки таии рӯзҳои гузашта режими саҳюнистӣ ба таври мукаррари оташбасро нақз карда ва аз вуруди сӯхт ва  кумак ба шимоли Навори Ғазза мамониат ба амал овардааст .

Барчасп