Ноябр 30, 2023 12:02 Asia/Dushanbe
  • Оғози марҳалаи шашуми табодули усаро дар Навори Ғазза
    Оғози марҳалаи шашуми табодули усаро дар Навори Ғазза

Теъдоди аз усарои исроилӣ, шомгоҳи дирӯз « чаҳоршанбе » ، дар шашумин марҳалаи табодули усаро ба неруҳои Салиби Сурх таҳвил дода шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, расонаҳои исроилӣ, шомгоҳи рӯз ( чаҳоршанбе )  аз оғози марҳалаи шашуми табодули усаро дар Навори Ғазза хабар доданд. Канали 12 телевизиони Исроил гузориш дод ,неруҳои « Китоиб Алқксом » шохаи низомии ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) шумори аз усарои исроилиро ба неруҳои Салиби Сурх таҳвил додаанд. Шабакаи «Си Эн Эн » ба нақл аз як манбаи огоҳ гузориш дод ки эҳтимолан муқовимати Фаластин, имшаб,  даст кам як асири амрикоиро озод кунад.

Канали 12 телевизиони Исроил низ ҳамзамон хабар дод дар марҳалаи шашуми табодули усаро, 5 кӯдак ва 7 зан ба неруҳои Салиби Сурх таҳвил дода шудаанд. Муқовимати Фаластин ҳануз баёнияе дар ин хусӯс содир накарда ва  ахбори мунташир шуда дар расонаҳои исроилиро рад ё таъйид накардааст. Созмони умӯри усаро ва  озодагони фаластинӣ ва  конӯни асири Фаластин, имрӯз,  дар баёнияе эълом карданд,ки дар марҳалаи шашуми табодули усаро ба дунболи озодии усарои исроилӣ, 15 зиндонии зани фаластинӣ озод хоҳанд шуд. Усарои исроилӣ дар ҳоле озод шудаанд, ки гузориши манобеи хабари ҳокӣ аз он аст таҳаррукоте дар пушти парда барои тамдиди муҷаддади оташбас дар Навори Ғазза дар ҷараён аст.

Як манбаи наздик ба гуфтугӯҳо дар Қатар ба манобеи хабари иттилоъ дода тамдиди дурузаи оташбас эҳтимол болое дорад ва  тамдиди чаҳор рӯзаи  он « имконпазир »аст. Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ), баъд аз эъломи оташбас дар рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта теъдоде аз усарои исроилиро ба изои озодии усарои фаластинӣ озод кардааст.

Барчасп