Шаҳодати даҳҳо фаластинӣ дар бомбаборони мактабе дар Ғазза
(last modified Tue, 05 Dec 2023 10:50:10 GMT )
Декабр 05, 2023 15:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ мактаберо дар Ғазза бомбаборон карданд
    Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ мактаберо дар Ғазза бомбаборон карданд

Ҷадидтарин ҷинояти артиши режими саҳюнистӣ дар бомбаборони мактабе дар навори Ғазза, даҳҳо шаҳиду захмӣ барҷой гузошт.

Ба гузориши Фаластин-алявм, ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ мактаберо, ки мутааллиқ ба Ожонси кору имдоди оворагони фаластинӣ, вобаста ба Созмони Милалро бомбаборон карданд.

Дар ҷараёни ин ҷиноят, даҳҳо фаластинии бегуноҳ ба шаҳодат расидаву теъдоди зиёде низ захмӣ шудаанд.

Тӯпхонаи артиши режими саҳюнистӣ соате қабл низ ба сурати густарда маҳаллаи Шайх Носир дар Ҳон Юнус, ҷануби навори Ғаззаро ҳадаф қарор дод.

Гузоришҳои расонаӣ ҳокӣ аз он аст, ки даҳҳо шаҳиду захмӣ дар асари ҳамалоти ҷунуномези режими саҳюнистӣ алайҳи навори Ғазза ба маркази дармонии Носир мунтақил шудаанд.

Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти Фаластин, шумори шуҳадои фаластинӣ дар Ғазза аз ибтидои набарди “Тӯфонулақсо” (7 октябр) то кунун ба 15 ҳазору 899 нафар расида ва шумори маҷруҳон низ ба 42 ҳазор нафар афзоиш ёфт.