Декабр 06, 2023 14:37 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии СММ дар бораи бузургтарин кӯчи иҷбории мардуми Фаластин+видео

Ожонси имдоду кори Созмони милал барои оворагони фаластинӣ дар гузориши расмӣ эълом кард, мо шоҳиди бузургтарин кӯчи мардуми Фаластин аз соли 1948 токунӯн дар ҳафтаҳои ахир будаем.

Бар асоси гузориши расмии Ожонси имдоду кори Созмони милал барои оворагони фаластинӣ (UNRWA), беш аз як миллиону 900 ҳазор нафар аз мардуми Ғазза, ки 85 дарсади ҷамъияти ин минтақа ҳастанд, овора шудаанд.

Филипп Лаззарини, бо баёни инки як миллиону 200 ҳазор нафар аз мардуми Ғазза дар мадорису амокини Созмони милал паноҳ гирифтаанд, гуфт, токунӯн ҳеҷ мадраке дол бар инки неруҳои Ҳамос дар мадорис ё амокини Созмони милал мустақар ҳастанд, вуҷӯд надоштааст. Бо ин ҳол Исроил дастикам 120 бор мустақиму ғайримустақим ин амокинро ҳадафи ҳамалоти худ қарор додааст.

 

Барчасп