Декабр 07, 2023 10:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба 4 пойгоҳи низомии режими саҳюнистӣ
    Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба 4 пойгоҳи низомии режими саҳюнистӣ

Ҳизбуллоҳи Лубнон шомгоҳи чаҳоршанбе дар баёнияҳои ҷудогона аз ҳамла ба чаҳор мавзеи низомии артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ хабар дод.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи шабакаи Алмасира; муқовимати исломии Лубнон дар аввалин баёнияи худ эълом кард,  муҷоҳидони пойгоҳи низомӣ « Руйсотал Қарн  » дар мазореъи ишғолии Шабъо Лубнонро бо мӯшаки ҳидоят шаванда ҳадаф қарор доданд ва  аҳдоф мустақиман мавриди исобат қарор гирифтанд.

Ҳизбуллоҳ дар баёнияе дигар тасреҳ кард, муҷоҳидини мо бо силоҳҳои муносиби пойгоҳи « Алзаҳира »ро ҳадаф қарор доданд ва  аҳдофи таъйин шуда мустақиман мавриди исобат қарор гирифтанд. Муқовимати исломии Лубнон дар баёнияи сеюм гузориш дод, муҷоҳидини мо мавзеи низомӣ « Ҳадабал Бустон »ро бо мӯшакҳои ҳидоят шавандае ҳадаф қарор доданд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияи чаҳорум низ эълом кард, размандагони муқовимати исломи соъати 16 : 20 имрӯзи чаҳоршанбе подгони низомӣ « Ромим »ро дар ҳимоят аз миллати устувори Фаластин дар Навори Ғазза ва дар ҳимоят аз муқовимати далерона ва  шарофатмандонаи онҳо ва бо силоҳҳои муносибе ҳадаф қарор доданд.

Ҳизбуллоҳ ҳамчунин дар баёнияҳои ҷудогона аз ҳадаф қарор додани маҳали таҷаммуъи низомиёни саҳюнист дар шимоли Фаластини ишғолӣ хабари дод ва  тасреҳ кард ، муҷоҳидини мо маҳали таҷаммуъи низомиёни ишғолгарро дар « Тел Шеър » дар муқобили шаҳраки Айта Аш Шаъб бо силоҳҳои муносиб ҳадаф қарор доданд ва  талафотеро дар миёни неруҳои душман барҷоӣ гузоштанд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе дигарӣ аз ҳадафи қарор додани маҳали таҷаммуъи низомиёни ишғолгар дар « Карамал Фатоҳ » дар наздикии Митод ва  таҷаммуъи дигари низомиёни саҳюнист дар мавзеъи « Ҷалалэълом » бо силоҳҳои муносиб хабар дод.

Барчасп