Декабр 09, 2023 19:18 Asia/Dushanbe
  • Рафтори Дииш-ии Исроил ва боздошти дастаҷамъии ғайринизомиёни Ғазза

Интишори тасовире аз боздошти дастаҷамъии мардуми Ғазза ба дасти низомиёни режими саҳюнистӣ, ки дасту чашми баста ва лухт рӯи замин афтодаанд, вокунишҳои зиёдеро дар миёни афкори умумии ҷаҳон барангехтааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо интишори аксҳое аз рафтори ДИИШ бо усарои худ дар Сурия ва Ироқ ва канори ҳам қарор додани ин ду акс, рафтори саҳюнистҳоро ба рафтори террористҳо ташбиҳ кардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки шавоҳид нишон медиҳад, афроди боздошт шуда тавассути артиши саҳюнистӣ ҳеҷ иртиботе ба неруҳои гуруҳи муқовимат надоранду ҳамагӣ ҷузви мардуми одии Ғазза ҳастанд.

Ҳодӣ Ал Мозун, раиси умӯри башардӯстонаи Ожонси паноҳандагӣ ва корёбии Созмони милал барои оворагони фаластинӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи СНН дар ин бора гуфт: «Онҳо на асир ва на ҷузви муборизони Ҳамос ҳастанд, онҳо фақат ғайринизомӣ ҳастанд, ки бо хонаводаҳояшон дар онҷо буданд ва талош карданд аз ин мавқеъият наҷот ёбанд.»

Ин барои аввалин бор нест, ки саҳюнистҳо бо фаластиниҳо чунин рафторе доранд. Тибқи оморҳои Созмони милал ҳудӯди 98 дарсади фаластиниҳое, ки дар зиндонҳои Исроил басар мебаранд (ки бархе аз онҳо ба тозагӣ дар замони оташбас мубодила шуданд) ҳеҷ иттиҳоме надоранд ва бидуни тай шудани равандҳои қонӯнӣ ба зиндон афтодаанд.

 

Барчасп