Дархости Эрдуғон барои ислоҳи шурои амнияти Созмони Милал
-
Дархости Эрдаган барои ислоҳи шурои амнияти Созмони Милал
Раиси Ҷумҳурии Туркияи ислоҳи шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро хостор шуд .
Ба гузориши хабаргузории Садов Симо Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси Ҷумҳурии Туркияи рузи шанбе дар суханронии худ дар маросими рузи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар шаҳр Истонбул зимни таъкид бар зарурати ислоҳи шурои амнияти созмон милал гуфт: Ин шуро ҳомии Исроил шуда аст.
Эрдуғон афзуд қассобони Ғазза бояд посухгуи ҷиноёт зидди башарият бошанд
Раиси Ҷумҳурии Туркия гуфт: Ба далели ветои Амрико ҳеҷтасмими барои таваққуфи ҳамалоти артиши Исроил ба борикаи Ғазза ва оташбас гирифта нашуд.
Покистон низ рузи шанбе ба нокомии шурои амнияти Созмони Милал ба дархости оташбас дар Ғазза вокуниш нишон дод. Вазорати хориҷаи Покистон дар баёнияе эълом кард бо вуҷуди истинод ба модаи 99 маншури Созмони Милали тавассути дабирикули Созмони Милал ва ҳушдорҳои вай дар мавриди фоҷеъаи инсонӣ дар Ғазза шурои амният дар анҷоми масъулияти аслии худ барои ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ ноком мондааст.