Маҳкум шудани 175 мисрӣ ба ҳабси абад
Январ 01, 2017 18:29 Asia/Dushanbe
Додгоҳе дар Миср 175 нафар аз мухолифони давлати ин кишварро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, додгоҳи низомии Миср дар вилояти Аламниё 175 нафар аз мухолифони кудатои Абдулфаттоҳ Сиси, раиси ҷумҳурии ин кишварро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Сиси аз замони кудато зидди Муҳаммад Мурсӣ, нахустин раиси ҷумҳурии демократии Миср дар соли 2013 аз тарси қиёмҳои мардумӣ, сиёсати саркӯб ва ҳазфи мухолифонро дар пеш гирифтааст.
Миср афзун бар ноамнӣ, бо мушкилоти иқтисодӣ, фасоди молӣ, коҳиши сатҳи хадамоти умумӣ ва мудирияти номуносиб дар ҳамаи заминаҳо мувоҷеҳ аст.
Барчасп