Декабр 12, 2023 14:54 Asia/Dushanbe
  • 200 шаҳид дар Ғазза-тайи соъатҳои гузашта

Вазорати беҳдошт Фаластин дар Ғазза эълом кард, дар соъатҳои гузашта беш аз 200 фаластинӣ дар ин минтақа ба шаҳодат расиданд.

 Ба гузориши Фаластин алявм, Марвон ал-Ҳамс-мудири бемористони Юсуф Аннаҷори Ғазза гуфт: Бемории обила миёни кӯдакон ривоҷ пайдо карда ва ба далели суитағзия рӯзона тақрибан 1 500 маврид бемор ба ин марказ муроҷиат мекунанд.

 Бар пояи ин гузориш, бемористонҳои Ғазза ба далели камбуди таҷҳизоти пизишкӣ дар анҷоми амалҳои ҷарроҳӣ бо мушкилоти фаровоне рубару ҳастанд.

 Дар ин гузориш омадааст, кадрҳои пизишкӣ дар бемористони Шифо талош доранд, ки бахши ёрии таъҷилиро фаъол кунанд.

Бар асоси ин гузориш тақрибан 20 ҳазор нафар дар бемористони Шифои Ғазза ва атрофи он овора ҳастанд.

 Бемористонҳои Камол Удвон ва ал-Уда дар шимоли Ғазза ҳам ҳамчунон муҳосира ҳастанд.

 

Барчасп