Декабр 13, 2023 16:41 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил : Вазъияти охиралзамонӣ Ғазза
    Таҳлил : Вазъияти охиралзамонӣ Ғазза

Ҳамалоти шаддиди ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ алайҳи манотиқи мухталифи навори Ғазза тайи соъатҳои гузашта ҳамчунон идома доштааст.

Наздик ба 70 рӯз аст, ки аз амалиёти Тӯфон Алақсо мегузарад ва  ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ манотиқи маскунӣ ба вижа паноҳгоҳҳои оворагони фаластиниро дар Ғазза ҳадаф қарор медиҳанд .

Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза бомдоди сешанбе гуфт : « Саҳюнистҳо ба бемористонҳо, персонели пизишкӣ ва  ҳудӯди 8 ҳазор маҷрӯҳ ки ниёз ба амал фаврӣ доранд, ҳамла мекунанд.»

Ба гуфта мақомҳои беҳдоштии Ғазза ، аз 7 октябр ( 15 меҳр ) ба ин сӯй 18000 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 49229 нафари дигар дар ҳамалот бе амони ҳавоӣ ва  заминӣ ба ин минтақа маҷрӯҳ шудаанд. Ин оморҳо ба вижа бо густариши амалиёти режими Исроил ба минтақаи ҷануби Ғазза рӯ ба афзоиш ҳастанд .

Созмонҳои имдод ва  кӯмакрасонии Созмони Милалли муттаҳид вазъияти Ғаззаро таҳти таъсири ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба маноқи ғайе аз ҷамъияти сокинони Ғазза гурусна ҳастанд ва  ҳазинаи ҳар як кисаи  орад низ таҳти таъсири ҷанг ба 95 доллари афзоиш пайдо кардааст.

« Майкл Фахрӣ » гузоришгари Созмони миллал дар умӯри марбут ба ҳавзаи ғизо дар гуфтугӯ бо Алҷазира таъкид кард : Беш аз 2 миллтону 300 ҳазор инасон дар навори Ғазза бо гурӯснагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.« Филлипе Лаззаринӣ » комиссияри кули Ожонси имдодрасонии Созмони Миллал барои оворагони фаластинӣ « Унрва » низ рӯзи гузашта таъкид кард : Исроил барои муҳоҷирати иҷборӣ ва  даста ҷамъии сокинони навори Ғазза аз ин минтақа талош мекунад

Вай тасреҳ кард : Барои мутаваққиф кардани ҷаҳаннами эҷод шуда дар навори Ғазза барқарории оташбас зарурӣ аст . Унрва ва  сохтори куллӣ навори Ғазза ба зӯдӣ аз ҳам фурӯ маепошад ва ин ба маънои хиёнат ва бе тафовутии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба навори Ғазза аст .

Амрико аз кишварҳое аст, ки таии солҳои гузашта ҳамвора аз ҷиноёти саҳюнистҳо ҳимоят карда ва  режими саҳюнистӣ ба воситаи ҳамин ҳимоятҳо ҷиноёти ваҳшиёнаи худро алайҳи фаластиниён анҷом додааст .

Рад кардани чанд рӯзи пеши Амрико ба қатъномаи оташбаси Ғазза нишон дод, ки чӣ басо Амрико беш аз Исроил тамоюл ба идома ҷанг дошта бошад. Амрико дар 8 декабри як қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони миллалро рад кард, ки хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза буд.

Инглис райи мумтанеъ дод ва 13 узви дигари Шӯрои амният дар ҳимоят аз он рай доданд. Вазорати умӯри хориҷаи Амрико ба тозагӣ, аризаи маҳмулае муташаккил аз 14 ҳазор гулӯлаи 120 мили метрии танкро таъйид карда аст, ки яке аз муҳимтарин муҳимоти мавриди истифодаи артиши режими саҳюнистӣ дар амалиёт заминӣ аст.

Полиси Конгресси Амрикои мизбои бархӯрди шаддид бо фаъолони мардумие, ки бо таҷаммӯъ дар дохили сохтимони Конгресс хостори барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза буданд, ба шиддат бархурд кард ва  теъдоде аз ононро боздошт кард.

« Марк » таҳлилгар ва нависандаи амрикоӣ муътақид аст тафовути Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва  Исроил ба манзалаи тафовути миёни пои росту чапи як инсон аст. Ин бадон маъно аст, ки ҳар ду пои ҷузъӣ аз як пайкари воҳид ҳастанд. Вай бо ишора ба ҳимоятҳои густардаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва  таслеҳотии Амрико аз режими Исроил ёдовар шуд : Агар кумакҳои молӣ, таслиҳотӣ у сиёсии Вашингтон шомили ҳоли Тел-Авив нашуда буд, ин режим солҳо пеш фурӯ мепошид .

9 ҳафта аз оғози бомбаборони навори Ғаззаи тавассути режими саҳюнистӣ ва 6 ҳафта аз замони эъзоми нерӯҳои заминӣ ба он мегузарад аммо режим саҳюнистӣ натавониста токунӯн ба ҳадафи аслии худ ки аз байни бурдани тавонмандиҳои Ғамос аст ,даст пайдо кунад .

Ба навиштаи ҳафтаномаи Экономист мумкинаст Ғамос шуморе аз неруҳои худро аз даст дода бошад аммо Ғамос ҳануз ҳазорон разманда дорад, ки аз тунелҳо зоҳир мешаванд ва ба сарбозони исроилӣ ҳамла мекунанд. Тибқи изъони Тел-Авив токунӯн ҳудӯди 100 сарбози саҳюнистӣ кушта шудаанд . Ҳамос ҳануз беш аз 130 асир дар ихтиёр дорад, ки дар ҷараёни оташбаси тавофуқ шудаи миёни тарафайн дар моҳи ноябр, ки табодули усаро низ бахше аз он буд , озод нашудаанд ва  ҷонӣ онҳо бо вуҷӯди бомбборонҳои паё пай дар хатар аст. 

Пас аз амалиёти ғофилгиркунандаи Тӯфони Алақсо дар сарзаминҳои ишғолӣ, режими саҳюнистӣ мутаҳаммили сахттарин ва  сангинтарин шикаст дар ҳудӯди 70 солаи таърих худ шуд .

Абъоди ин шикаст, мақомоти саҳюнистиро ба сӯрати девонавор дар пайи ҷуброни шикаст водор карда аст ва ончӣ имрӯз дар Ғазза мегузарад, натиҷаи ҳамин ҷунун аст, ки саҳюнистҳо ба он дучор шудаанд .

Барчасп