Нобудии силоҳҳои зиреҳии режими саҳюнистӣ аз сӯи Муқовимат
Размандагони муқовимати Фаластин дар даргирӣ бо низомиёни артиши режими саҳюнистӣ дар чанд меҳвари мухталиф дар навори Ғазза силоҳҳоим зиреҳии саҳюнистҳоро нобуд карданд.
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, размандагони гурдонҳои Изуддин ал-Қасом- шохаи низомии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) 4 танки Меркава ва 4 нафарбари зиреҳии артиши режими саҳюнистиро дар минтақаи «Шайх Ризвон» дар шаҳри Ғазза бо мушакҳои «Ёсин 105» нобуд карданд.
Дар ин гузориш омадааст, шохаи низомии Ҳамос як танки Меркаваи дигари режими саҳюнистиро ҳам дар минтақаи Зайтун, воқеъ дар шарқи шаҳри Ғазза бо мушаки Ёсин-105 нобуд кард.
Гурдонҳои Қассом ҳамчунин нируҳои пиёданизоми душмани саҳюнистиро дар Шуҷоъия-дар шарқи шаҳри Ғазза бо бомба ҳадаф қарор дод, ки бар асари он кама 10 низомӣ ва афсари режими саҳюнистӣ ба ҳалокат расиданд.
Шохаи низомии Ҳамос дар баёнияе аз ҳадаф қарор додани гурӯҳе аз низомиён ишғолгари саҳюнистӣ дар хиёбони "Ҳасанайн" бо бомбаҳои бо қобилияти таркиши зиёд хабар дод ва таъкид кард, ки камаш 10 афсар ва низомии душмани саҳюнистӣ ба ҳалокат расидаанд.