Декабр 16, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  • Бархе давлатҳои минтақа, гунаҳкори хунҳои рехташудаи мардуми Ғазза

Намояндаи Ҷабҳаи муқовимати Яман дар Эрон бархе давлатҳои минтақаро гунаҳкори хунҳои рехташудаи мардуми Ғазза донист.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Салим ал-Амунтасар-намояндаи Ҷабҳаи муқовимати Яман дар Эрон гуфт, гунаҳкори рехта шудани ҳар қатра хуни мардуми мазлум ва бегуноҳи Ғазза, бархе кишварҳои хабиси минтақа ҳастанд, ки аз режими саҳюнистӣ ҳимоят мекунанд.

 Салим ал-Амунтасар дар хусуси ҳимояти Яман аз Ғазза хотирнишон кард, Яман ҳимоят аз мазлумонро вазифаи худ медонад.

 Намояндаи Ҷабҳаи муқовимати Яман дар Эрон тасреҳ кард, Яман дониш ва таслиҳоти низомии қавӣ дорад ва нобудии режими саҳюнистӣ барои Яман коре нашуданӣ ва номумкин нест.

 Салим ал-Амунтасар афзуд, агар Англия, Амрико ва муттаҳидонишон бихоҳанд ба ҳимоят аз режими саҳюниситӣ идома диҳанд, Яман тангии Бобулмандабро ба унвони як шоҳроҳи ҳаётӣ мебандд ва бо бастани ин тангӣ ва ҳамчунин тангии Ҳурмуз, триллионҳо доллар хисорат ба ҷаҳон ворид хоҳад шуд.

 Намояндаи Ҷабҳаи муқовимати Яман таъкид кард, Яман ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳимоятҳое, ки аз режими саҳюнистӣ мешавад, бо ҳар киштие, ки ба самти ин режим биравад, бархурд мекунад ва ҳеҷ тарсу воҳимае аз ин кор надорад.

 Салим ал-Амунтасар гуфт:Ҳамаи ҷаҳониён бидонанд режими саҳюнистӣ ҳеҷ ояндае надорад ва Фаластин ба зудӣ озод хоҳад шуд.

 

Барчасп