Ҳушдори хонаводаҳои асирони исроилӣ ба Натаняҳу: Даст ба эътисоби ғизо мезанем
Хонаводаҳои асирони исроилӣ, ки тавассути гуруҳи муқовимати Фаластин дар Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд пас аз инки Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири ин режим аз мулоқот бо онҳо худдорӣ кард, таҳдид карданд, даст ба эътисоби ғизо хоҳанд зад.
Ба гузориши ИРНА, 100 хонавода аз асирони исроилии боздошт шуда дар Ғазза, Натаняҳуро муттаҳам карданд, ки барои посух надодан ба мутолиботи онҳо талош мекунад то байни хонаводаи асирони исроилӣ ихтилоф андозад.
Ронан Тсор, мудури иттилооти Ситоди ҳамоҳангии хонаводаҳои асирони исроилӣ дар Ғазза гуфт, ин хонаводаҳо бо якдигар нишаст баргузор карданд ва тасмим гирифтанд бо талошҳои Натаняҳу барои ихтилоф андохтан байни суфӯфи худ муқобила кунанд.
Ба навиштаи манбаъ, вай таъкид кард, хонаводаҳои асирони исроилӣ таҳдид карданд, ки ба эътисоби ғизои номаҳдӯд даст хоҳанд зад ва то асри имрӯз (шанбе) ба Натаняҳу фурсат доданд то бо кабинаи ҷанг дидор ва барои бозгардондани фарзандони асири худ талош кунад.
Токунӯн ҳеҷ изҳориназре аз сӯи мақомоти режими Исроил дар мавриди таҳдиди хонаводаҳои асирон ироа нашудааст.