Декабр 17, 2023 19:45 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон меҳвари гуфтугӯи мақомоти Чин, Иморот ва Тоҷикистон

Намояндаи вижаи Чин барои Афғонистон дар дидор бо муовини вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва мушовири аршади вазорати хориҷаи Иморот дар бораи Афғонистон гуфтугӯ кард.

Юй Сяонг, намояндаи вижаи Чин барои Афғонистон аз гуфтугӯҳои ҷудогонааш бо Фарҳод Салим, муовини вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва Салим Ал Зобӣ, мушовири аршади вазорати хориҷаи Иморот дар мавриди Афғонистон хабар дод.

Вай афзуд, дар ин дидорҳо дар робита бо талошҳои муштарак барои кумак ба Афғонистон, гуфтугӯҳои созанда ва ҷомие сӯрат гирифт.

Ин дипломати чинӣ ҷузъиёти бештаре аз дидорҳояш ироа накардааст.

 

Барчасп