Декабр 18, 2023 11:16 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Толибон дар бораи ба расмияти шинохтани ҳукумати Кобул
    Иддаои Толибон дар бораи ба расмияти шинохтани ҳукумати Кобул

Вазири хориҷаи ҳукумати Толибони Афғонистон муддаӣ шуд ҷомеъаи ҷаҳонӣ ин ҳукуматро ба расмият шинохтааст.

Толибон аз замони қудрат гирифтани дубора дар августи 2021. барои касби машрӯъияти байналмилалӣ талош мекунад. Аммо кишварҳо ва  Созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла ғарбӣ ҳамвора давлати муваққати Толибон дар Афғонистонро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам мекунанд. Муҳимтарин хостаи ҷаҳонӣ аз Толибон ташкили давлати фарогир. эҳтиром ба ҳуқуқи шаҳрвандон аз ҷумла шиносоии ҳаққи кори занон ва таҳсили духтарон Афғонистон аст .

 

Ба гузориши хабаргузории Ово, Амирхон Муттақи вазири хориҷаи Толибони рӯзи якшанбе дар дидор бо шумори аз вузарои Кабина ки ба вилояти Ҳирот сафар карда буданд муддаӣ шуд ҳадаф аз ба расмияти шинохта шудани Толибон,  бозгушоии сафоратхонахоҳои мо дар кишварҳои мухталиф ва  масоили тиҷорат ва сафарҳои мақомот ба кишварҳо буд, ки акнӯн ин аҳдоф муҳаққиқ шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои мухталиф, далели фаъолияти бархе намояндагиҳои сиёсии Афғонистон дар кишварҳои матбӯъро кумак ба мардуми Афғонистон эълом карда ва  намояндагони ин ҳукӯмат дар ниҳодҳо ва  Созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун Созмони миллал низ ҳузур надоранд .

Бештар бихонед: