Август 07, 2023 13:32 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон: Мавзеъи мо дар қиболи ба расмият шинохтани Толибон тағирнопазир аст
    Тоҷикистон: Мавзеъи мо дар қиболи ба расмият шинохтани Толибон тағирнопазир аст

Раиси маркази таҳқиқоти роҳбӯрдии раёсатҷумҳӯрии Тоҷикистон изҳор кард, мавзеъи ин кишвар дар робита бо ба расмият шинохатни давлати толибон тағирнопазир аст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Хайриддини Усмонзода, раиси маркази таҳқиқоти роҳбӯрдии раёсатҷумҳӯри Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат кард.,изҳор дошт пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ва афзоиши таҳдидҳо аз атарфи ин кишвар, Тоҷикистон кантроли марзҳои муштараки худро тақвият кард ва теъдоде посгоҳҳои марзиро беш аз 100 посгоҳ афзоиш додааст.

Вай бо ибрози нигаронӣ аз таҳдидоти амниятӣ аз тарафи Афғонистон, таъкид кард мавозеъи Тоҷикистон дар қиболи ба расмият шинохтани Толибон ба унвони як давлат, тағирнопазир аст.

Усмонзада таъкид кард, ки мавозеъи ин кишвар дар қиболи Толибон тағир накардааст ва равобити ин кишвар бо Афғонистон танҳо дар сатҳи иқтисодӣ побарҷо хоҳад буд, чун аз диди ӯ равобити иқтисоди бештар ба мардуми Афғонистон рабт дорад то ҳайати  ҳокимаи он кишвар.

Вай изҳор дошт: Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамсоягие, ки бо ин кишвар дорем, ҳамкориҳои иқтисодиро мутавақиф нахоҳем кард, зеро ҳимояти Тоҷикистон аз мардум Афғонистон дар дараҷаи аввал тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бастаги дорад.

Раиси маркази таҳқиқоти роҳбӯрдии раёсатҷумҳӯрии Тоҷикистон бори дигар бар зарурати эҷоди ҳукумати фарогир бо риоят ҳуқуқи занон ва духтарон дар кор ва таҳсил дар Афғонистон таъкид кард ва афзӯд, ки ин хостаи тақрибан ҳамаи кишвармҳои ҷаҳон аз Толибон аст.