Шаҳодати 22 фаластинӣ дар гулулаборони бемористони Алшифои Ғазза
(last modified Mon, 18 Dec 2023 13:48:42 GMT )
Декабр 18, 2023 18:48 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 22 фаластинӣ дар гулулаборони бемористони Алшифои Ғазза
    Шаҳодати 22 фаластинӣ дар гулулаборони бемористони Алшифои Ғазза

Манобеи хабари гузориш доданд дар ҷараёни гулулаборон бахши ҷарроҳии бемористони Алшифо дар шаҳри Ғазза аз тарафи артиши режими саҳюнистӣ дастиками 22 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши рузи душанбеи Алмёдин дар пайи бомбаборони бинои бахши ҷарроҳии бемористони Алшифои Ғазза тавассути артиши режими саҳюнистӣ 22 шаҳрванди фаластинӣ ки бештари онҳо овораи фаластинӣ буданд ба шаҳодат расиданд.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза низ эълом кард: Аз ибтидои оғози набарди Туфони алақсо то ин лаҳзаи 38 кадри пизишкӣ ки дар раъси онҳо мудирикули бемористон Алшифо аст дар шароити ғайриинсони тавассути режими саҳюнистӣ боздошт шуданд.

Бархе манобе ҳам аз ҳамалоти густардаи тупхонаӣ зидди манозили маскуни дар минтақаи Алдарҷ дар шарқи Ғазза хабар доданд.

Аз суи дигар Мунир Албарш мудирикули беҳдошти Ғазза таъкид кард режими саҳюнистӣ бемористони Камол Адвонро ба таври комил тахриб карда ва ин бемористон акнун қодир ба хадамотрасонӣ нест.

Албарш бо баёни ин ки режими саҳюнистӣ ҷасадҳои шуҳадоро дар як чолаи бузург дар бемористони Камол Адуон дафн кард афзуд: Дар ҳамалоти имрузи режими саҳюнистӣ ба урдугоҳи Ҷаболиё дар шимоли навори Ғазза 100 ғайринизоми шаҳид ва 20 нафари дигар низ маҷруҳ шуданд ва 100 нафар ҳам ҳамчунон зер оворҳо ҳастанд.

Тупхонаи артиши режими саҳюнистӣ низ субҳи имруз бахши кудакони муҷтамаъи бемористонии Носир воқеъ дар Хонюнус дар ҷануби Ғаззаро ҳадаф қарор дод ки мунҷар ба шаҳодати як зани фаластинӣ ва захми шудани теъдоди дигар шуд.

Ҳамалоти ҳавои режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Ғазза дар шимол ва ҷануби ин борика ҳамчунон идома дорад ки дар асари он даҳҳо фаластинӣ токунун шаҳид ё захмӣ шуданд.