Манобеи саҳюнист: Ҷанги Ғазза 60 дарсад аз низомиёни саҳюнистро равонӣ кардааст
Манобеи ибрӣ аз таъсироти шадиди ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза бар саҳюнистҳо парда бардошта ва эълом карданд, ки 60 дарсад аз низомиёни Исроил дар маърази мушкилоти рӯҳӣ ва равонӣ қарор доранд.
Ба гузориши Рай ул Явм, расонаҳои режими саҳюнистӣ аз мушкилоти рӯҳӣ ва равонӣ хабар доданд, ки ҷанги Ғазза бар сари саҳюнистҳо овардааст.
Ин манобе баён карданд, ҷанги (режими саҳюнистӣ алайҳ)-и Ғазза, исроилиҳоро дар маърази буҳронҳои рӯҳии ҷамъӣ ва изтиробҳои шадид қарор дода ва мақомоти саҳюнистӣ пас аз нотавонии кадри равонпизишкӣ барои муолиҷаи анбӯҳе аз афроди равонии муроҷиакунанда ба марокизи аъсобу равон, ба афроди довталаб рӯй овардаанд.
Чанде қабл ҳам шабакаи саҳюнистии «Кон» дар гузорише дар ин робита эътироф кард, беш аз ду ҳазор низомии ширкаткунанда дар ҷанги заминӣ алайҳи Навори Ғазза ба далели мушкилоти рӯҳӣ ва равонӣ маҷбур ба муроҷиа ба равонпизишк шудаанд.
Бинобар эъломи ин расонаи ибризабон, афроди мазкӯр ҳамагӣ ба наҳве дар маърази оташи (размандагони муқовимати Фаластин) қарор гирифта ё вориди даргирӣ шуда буданд, ҳамчунин бархе аз онҳо шоҳиди саҳнаҳои душвор дар ҷараёни анҷоми маъмурияти худ шудаанд.
Шабакаи саҳюнистии «Кон » ҳамчунин хабар дод, ба далели касрати низомиёни муроҷиакунанда ба бахшҳои равонии артиш маҷбур шуд ду маркази равонӣ- дармониро дар минтақаи ҷануб ифтитоҳ ва як маркази мушовараи телефониро ҳам роҳандозӣ кунад.
Ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза, ки дар таърихи 15 меҳрмоҳ бо вуқуъи амалиёти “Тӯфони Ал Ақсо” оғоз шуда дар айни ҳоле, ки бо бомбаборонҳои манозиқи истиқоматӣ, дармонӣ ва фарҳангии Ғазза мӯҷиби шаҳодати наздик ба 20 ҳазор фаластинӣ ва захмӣ шудани беш аз 50 ҳазор нафари дигар шуда, хисоратҳои зиёде ба режими саҳюнистӣ дар абъоди низомӣ ва иқтисодӣ доштааст.