Декабр 20, 2023 18:29 Asia/Dushanbe
  • 71 дарсад аз ҷамъияти 2 миллиону 300 ҳазорнафарии мардуми Ғазза бо гуруснагии шадид мувоҷеҳанд
    71 дарсад аз ҷамъияти 2 миллиону 300 ҳазорнафарии мардуми Ғазза бо гуруснагии шадид мувоҷеҳанд

Баррасиҳои анҷомшуда нишон медиҳад, 71 дарсад аз фаластиниён дар Ғазза аз гуруснагии шадид ранҷ мебаранд.

Режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо бомбаборони густардаи Ғазза ва наслкушии фаластиниён, дар ҳоли истифода аз ғизову кумакҳои башардӯстона ба унвони як силоҳи ҷангӣ аст ва мақомоти режими саҳюнистӣ борҳо эълом кардаанд, метавонанд дар ивази озодии асирони худ иҷозаи вуруди маводи ғизоиву доруӣ ба ин борикаро содир кунанд. Мавзӯе, ки бо интиқоди ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамроҳ будааст.

Ба гузориши “Алҷазира”,  дафтари минтақаии ҳуқуқи башари ҳавзаи Медитаронаи Созмони Милал рӯзи сешанбе эълом кард, наздик ба 71 дарсад аз ҷамъияти 2 миллиону 300 ҳазорнафарии мардуми Ғазза ба далели ҷангу маҳдудиятҳои эъмолшуда аз сӯи Исроил акнун бо гуруснагии шадид дасту панҷа нарм мекунанд.

Бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда аз сӯи ин ниҳод, 98 дарсади афроди мавриди баррасӣ дар Ғазза эълом кардаанд, ғизо ба мизони кофӣ нахурдаанд ва ҳамчунин 64 дарсад аз афрод низ аз алафу ғизоҳои фосид барои сер кардани шиками худ баҳра мегиранд.

 

Барчасп