Декабр 20, 2023 19:28 Asia/Dushanbe
  • Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза
    Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза

Вазорати беҳдошти Фаластин аз шаҳодати 20 фаластинӣ ва захмӣ шудани 25 тани дигар дар ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ хабар доду эълом кард, даҳҳо нафар ҳамчунон зери овор ҳастанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Алҷазира”, Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза эълом кард, дар натиҷаи ҳамалоти дишабу имрӯзи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза 20 фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.

Вазорати беҳдошти Фаластин ҳамчунин аз интиқоли 25 маҷруҳ ба бемористонҳои Ғазза хабар доду таъкид кард, даҳҳо нафар ҳамчунон зери оворҳо ҳастанд.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар идомаи ин баёния гуфт, ишғолгарон аз тариқи истимрори мушакборони Ғазза ба дунболи таваққуфи хадамоти боқимондаи пизишкиву беҳдоштӣ дар навори Ғазза ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир теъдоди маҷруҳоне, ки барои мудово аз навори Ғазза хориҷ шудаанд, нисбат ба маҷруҳоне, ки ниёз ба мудово дар хориҷ аз навори Ғазза доранд, бисёр кам аст.

Вазорати беҳдошти Фаластин ҳамчунин гуфт, ишғолгарон иқдом ба наслкушии миллати Фаластин, ба вижа кӯдакон мекунанд.

 

Барчасп