Сайид Абдулмалик Алҳавсӣ : Амрико дар ҷиноёти саҳюнистӣ шарикаст
-
Сайид Абдулмалик Алҳавсӣ : Амрико дар ҷиноёти саҳюнистӣ шарикаст
Сайид Абдулмалик Алҳавсӣ дабири кулли ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт : Амрико дар таҷовуз ба Ғазза бо режими саҳюнистӣ шарикаст .
Ба гузориши Ирно ;Сайид Абдулмалик Алҳавсӣ изҳор дошт : Таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Ғазза, ба ҳамроҳи муҳосираи ин минтақа ва ҷилавгирӣ аз вуруди ғизо ва дорӯ ба он умуми фаластиниҳоро ҳадаф қарор дода аст .
Сайид Абдулмалик Алҳавсӣ гуфт : Дар муддати 75 соли гузашта душмани саҳюнист ба таҷовуз ба миллати Фаластин дар Ғазза идома дода ва дар ин заминаи муртакиби зишттарин ва фаҷеътарин ҷиноёт шуда аст .
Дабири кулли ҷумбиши Ансоруллоҳ тасреҳ кард : Режими саҳюнистӣ ба таври ваҳшиёнае ба кӯштори фаластиниҳо мепардозад ва алайҳи онҳо муртакиби зишттарин ҷиноёт шуда аст.
Дабири кулли Ҷумбиши Ансоруллоҳ хотирнишон кард : Ҳеҷ чизе ҷуз бо мувофиқати Амрико ва режими саҳюнистии ворид Ғазза намешавад ва Вашингтон артиши ин режимро ба ҷангандаҳо ва силоҳҳои мамнӯъа аз ҷумлаи фосфори сифед муҷаҳҳаз кардааст.
Дабири кулли Ҷумбиши Ансоруллоҳ дар поён эълом кард Амрикоиҳо дар ончӣ дар Ғазза мегузарад шарик ҳастанд ва кулияи пойгоҳҳояшон дар минтақаро дар хизмати режими Исроил даровардаанд.