Ҳамла ба пойгоҳи артиши Амрико дар Сурия
(last modified Mon, 25 Dec 2023 12:43:28 GMT )
Декабр 25, 2023 17:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба пойгоҳи артиши Амрико дар Сурия
    Ҳамла ба пойгоҳи артиши Амрико дар Сурия

Пойгоҳи ишғолгарони амрикоӣ дар Сурия муҷададан ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин унсурҳои ишғолгари амрикоӣ дар пойгоҳи ғайриқонунии худ дар рустои Алхазро воқеъ дар Сурия ҳадаф қарор гирифтанд.

Пеш аз ин низ неруҳои муқовимати исломии Ироқ пойгоҳи ишғолгарони амрикоӣ дар минтақаи Алмоликия Рубория воқеъ дар Ҳасака шимоли шарқи Сурияро бо чандин ракета ҳадаф қарор доданд.

Пойгоҳҳои амрикоиҳо дар Сурия ва Ироқ тайи чанд ҳафтаи ахир чандин бор ҳадафи ҳамлаи ракетӣ, мушакӣ ва паҳподи муқовимати исломии Ироқ қарор гирифтанд.

Муқовимати исломии Ироқ пештар эълом карда буд дар ростои ҳимоят аз миллати Фаластин ва ба далели даст доштани Амрико дар куштор ва ҷиноёт зидди онҳо ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои Вашенгтон дар минтақаро ташдид хоҳад кард.