Декабр 28, 2023 18:56 Asia/Dushanbe
  • Шумори шаҳидони Ғазза аз марзи 21 ҳазор тан гузашт

Набардҳои шадид байни муқовимати Фаластин ва артиши ишғолгар дар Ғазза ҳамчунон идома дорад.

Ба рағми талафоте, ки ишғолгарон дар Ғазза дидаанд ва бо вуҷуди ҳушдорҳои байналмиллалӣ дар бораи афзоиши талафоти ғайринизомиён, режими ишғолгар дар ҳоли ташдиди амалиёти низомии худ дар замин ва ҳаво аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Вазорати беҳдошти Ғазза афзуд ,неруҳои ишғолгар аз дирӯз 16 куштор алайҳи кулли хонаводаҳо анҷом доданд, ки ҳудуди 200 шаҳид ва 325 маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.

 Ин ин дар ҳоле аст, ки пайкари чаҳор шаҳид шарқи Хон Юнус ва 20 шаҳид аз манзиле дар шарқи урдугоҳи Ҷиболиё дар пайи бомбаборони саҳюнистҳо аз зери овор берун оварда шуд.

 

Барчасп