Январ 10, 2024 14:14 Asia/Dushanbe
  • Тафсир : Террор, тектики Исроил барои фарор аз шикаст
    Тафсир : Террор, тектики Исроил барои фарор аз шикаст

Бо шикасти Исроил дар дастёбӣ ба аҳдофи низомӣ дар Ғазза ин режим дар тектики террори фармондеҳони муқовимат рӯй овардааст.

Бо шикасти Исроил дар дастёбӣ ба аҳдофи низомӣ дар Ғазза ин режим дар тектики террори фармондеҳони муқовимат рӯй овардааст.

Дар рӯзҳои ахир, Амрико ва  режими саҳюнистӣ 4 амалиёти террористии алайҳи фармондеҳони муқовимат анҷом доданд. " Сайид Разии Мӯсавӣ " аз фармондеҳони эронӣ дар Сурия. Весом Ҳуснал Тавил аз фармондеҳони барҷаста ва  масъӯлони идораи амалиётии Ҳизбуллоҳи Лубнон, Солеҳ Ал-Ароурӣ муовини раиси дафтари сиёсии Ҷумбиши Ҳамос дар рӯзҳои ахири тавассути режими саҳюнистӣ террор шуданд ва  Абутақво Ал-Саъидӣ  фармондеҳи Ҷумбиши Ал-Нуҷабаи  Ироқ ҳам дар ҳамлаи паҳподии Амрико ба шаҳодат расид. Дар ҳамин ҳол ,тибқи санади мунташир шуда аз манобеи ибрӣ, Бинямин Нитанияҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ба дастгоҳҳои амниятии ин режим дастур додааст тарҳи ҷомеъ барои ҳазфи раҳбарони муқовимат омода кунанд .

Аз аҳдофи режими саҳюнистӣ аз террорҳо иловабар дастовардсозӣ дар ҳавзаи дохилӣ, ба ду мавриди дигар ҳам метавон ишора кард: Бе аътиборсозии боздорандагии муқовимат ва  тағйири ҷанг аз Ҳамос - режими саҳюнистӣ ба муқовимат - Амрико ва  режими саҳюнистӣ . Дар воқеъи режими саҳюнистӣ барои фарор аз шикаст дар Ғазза сай дорад ҷангии бузургтарро дар минтақаи ғарби Осия ва бо ҳузури Амрико эҷод кунад . Бардошти Тел-Авив   ин аст, ки бо ҳузури мустақими Амрико дар ҷанг ва  даргир кардани Эрон аз обрурезӣ дар Ғазза фирор мекунад .

Ҳадафи муҳими дигари режими саҳюнистӣ аз террори фармондеҳони муқовимат,  тахриби рӯҳия ва  тазъифи сохторҳои фармондеҳӣ дар даруни муқовимат ва дар муқобили эҳёи эътимод ба нафс ва  боздорандагии низомиёни саҳюнистӣ дар муқобили шабакат муқовимат аст .

Сардорони шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ - Сайид Разии Мӯсавӣ

 

Шавоҳиди торихӣ нишон медиҳад террор наметавонад   сабаби тазъифи меҳвари муқовимат шавад чаро, ки пеш аз ин низ фармондеҳони муҳимме тавассути  террори режими саҳюнистӣ ба шаҳодати расиданд. Амалиёти Тӯфони Алақсо собит кард, ки террор на танҳо сабаби таваққуфи муқовимат нашуда балки натиҷаи баракс дошта ва  қавӣ шудани муқовиматро дар пай доштааст.  Дар ҳамин ҳол, режими саҳюнистӣ бояд маддиназар дошта бошад, ки сабри стротежики меҳвари муқовимат, сабрӣ номаҳдӯд нест ва интиқомӣ сахт дар интизори ин режим хоҳад буд .

Барчасп