Вокуниши Ҳизбуллоҳ ва ҲАМОС ба ҳамалоти Амрико ба Яман
Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ҲАМОС ҳамалоти Амрико ба Яманро нишондиҳандаи мушорикати комили Вашингтон дар наслкушии режими Исроил дар борикаи Ғазза ва минтақа донистанд.
Фармондеҳии Неруи ҳавоии артиши Амрико дар баёнияе эълом кард, ки бар асоси дастури Ситоди фармондеҳии артиш, бомдоди ҷумъа ба вақти маҳаллӣ неруи ҳавоӣ бо партоби 100 мушаки ҳидоятшаванда ба беш аз 60 ҳадаф дар 16 мақари неруҳои артиши миллии Яман ҳамла кард.
Дар ҳамин росто ва ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе ин ҳамларо таҷовузи ошкор ба амнияту ҳокимияти Яман ва низ мардуми озодаву шарифи ин кишвар донист, ки бо тамоми қудрат, шуҷоат ва масъулият дар канори миллати мазлуми Фаластин ва муқовимати далеронаи онҳо истодаанд ва бо тамоми абзорҳову имконоти мавҷуд ниҳояти талоши худро барои шикастани муҳосираи он анҷом медиҳанд.
Ҳизбуллоҳ дар баёнияи худ таъкид кард, ин ҳамла на танҳо боиси тазъифи ҳимояти мардуми Яман аз мардуми мазлуми Фаластин ва Ғазза намешавад, балки бар қудрату азми онҳо барои муқобила бо Амрико ва муттаҳидонаш ва дифоъ аз худ ва идомаи роҳи ҳимоят аз мардуми Фаластин ва таҳаққуқи ҳуқуқи онҳову адолат хоҳад афзуд.
Дар ҳамин росто, Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) низ ҳамла ба Яман тавассути Амрикову Британияро нишондиҳандаи тасмими онҳо барои густариши даргирӣ донисту таъкид кард, ки ин ҳамла авоқибе барои онҳо дар пай хоҳад дошт.