Январ 13, 2024 10:45 Asia/Dushanbe
  • Шикасти шармандаовари Исроил дар додгоҳи Гаага

Вазири додгустари(адлия)и Африқои ҷанубӣ баъд аз дифоъёти ниҳоии Исроил дар Девони байналмилалии додгустарӣ гуфт: Режими Исроил дучори шикасти шармандаоваре шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири додгустарии Африқои ҷанубӣ рӯзи ҷумъа гуфт: Исроил барои радди шикояти матраҳшуда тавассути Африқои ҷанубӣ дар хусуси наслкушӣ дар Ғазза «ба тарзи шармандагиоваре» шикаст хӯрдааст.

Роналд Ламола гуфт: «Мо итминони хотир дорем, ки мо шикояти мутақоидкунандаеро матраҳ кардаем, ки ҷузъиёти ҷиноии он тавассути вакилонамон ташреҳ шудааст ва Исроил имрӯз ба тарзи шармандагиоваре шикаст хӯрдааст.»

 Вазири додгустарии Африқои ҷанубӣ изофа кард, ки акнун воқеиятҳои мутақоидкунандае тавассути вакилони ин кишвар дар ихтиёри додгоҳ қарор гирифта ва «қонун ҷониби мо аст.»

Изҳороти ин мақоми Африқои ҷанубӣ баъд аз он матраҳ шуд, ки намояндаи Исроил дар дувумин ҷаласаи расидагӣ ба шикояти Африқои ҷанубӣ дар Девони байналмиллалии додгустарӣ муқобили ин додгоҳ ҳозир шуд ва далелҳои худ дар радди шикояти Африқои ҷанубиро ироа кард.

Аввалин ҷаласаи расидагӣ ба шикояти Африқои ҷанубӣ аз Исроил бобати наслкушӣ дар Ғазза рӯзи гузашта баргузор шуд. Ин ҷаласа аз соати 09:00 субҳи панҷшанбе оғоз шуд.

 Намояндаи Африқои ҷанубӣ дар ин додгоҳ таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ сиёсатҳои апартайедро дар мавриди фаластиниёни навори Ғазза иҷро мекунад.

 Африқои ҷанубӣ чанд ҳафта пеш бо танзими додхост назди ин додгоҳи мустақар дар Гаага хостори расидагӣ ба иттиҳоми Исроил дар хусуси наслкушӣ дар ҷанги Ғазза шуд.

 

Барчасп