Тафсир - Иҷмоъи Яманиҳо алайҳи эътилофи амрикоӣ
Ҳамлаи Амрико ва Инглис алайҳи Яман бо вокуниши густардаи мардум ва ҳушдори мақомоти яманӣ мувоҷеҳ шуд .
Амрико ва Инглис дар соъоти аввалияи бомдоди дируз ҷӯмъа аз тариқи ҳаво ва дарёиалайҳи Яманиҳо ҳамалотиро анҷом доданд . Ин амалиёт 60 ҳадаф дар 16 марокизи вобаста ба артиши Яманро ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор дода ва дар ин ҳамла беш аз 100 мушки ҳадафманд ба кор гирифтааст .
Амрико ва Инглис ، Санъо ва устонҳои Алҳадида, Таъз, Ҳаҷа ва Саъдаро бо мӯшак ҳадаф қарор доданд . Дар ин ҳамалот 5 нафар аз неруҳои мусаллаҳи яманӣ шаҳид ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд .
Иддаои Амрико ва Инглис ин аст, ки ин ҳамалот дар вокуниш ба иқдоми Яманиҳо алайҳи киштиҳои озими арозии ишғолӣ анҷом шуд .
Неруҳои Яман аз моҳи дувуми ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза бо партоби мӯшак ва паҳпод ба самти бандари Элот дар ҷануби манотиқи ишғолӣ ва ҳамчунин монеъ шудан аз убӯри киштиҳои борӣ ба мақсади Исроил, талош кардаанд то Тел-Авивро барои таваққуфи ҷанги Ғазза таҳти фишор қарор диҳанд ва акнӯн эътилофи Амрико дар дарёии сурх бадунболи он аст, ки бо фишор ба Яманиҳо монеъ аз ҳимояти онҳо аз Ғазза шавад .
Бо ин ҳол, бардошти Вашингтон нодуруст буд зеро ин ҳамалот бо иҷмоъи Яманиҳо барои мувоҷиҳа бо эътилофи амрикоӣ ва идомаи ҳамлаҳо алайҳи режими саҳюнистӣ ҳамроҳ шуд . Шаҳрвандони яманӣ дар Санъо зуҳри ҷӯмъа бо мушорикат дар роҳпаймоии миллионӣ омодагии худро барои идомаи набард бо Амрико ва ҳимоят аз мардуми Ғазза дар муқобили режими ишғолгари Қудс эълом карданд .
« Муҳамад Носир Алъотифӣ » вазири дифоъи Яман низ шомгоҳи ҷӯмъа,ба Амрико Инглис ва режими саҳюнистӣ ҳушдор дод ва гуфт Яман омодаи истодагӣ дар баробари душман ва посухгӯ аст ва ин Яман аст, ки дар дарёии Сурх ва дарёи Макрон дасти бартарро дорад . Муҳамад Носир Алъотифӣ ҳамчунин гуфт : Борҳо ва борҳо ҳушдор додем, ки дарёӣ Сурх барои режими душмани саҳюнистӣ дигари мамнӯъа шудааст.
Муҳамад Албахитӣ, узви дафтари сиёсии ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман ҳам шомгоҳи ҷӯмъа аз Амрико ва Инглис хост, ки муҳосиботашонро бознигарӣ кунанд ва дар ин хусӯс аз таҷрибиёти гузаштаи худ истифода кунанд. Ҳамзамон бо ҳимояти мардуми Яман аз иқдоми алайҳи режими саҳюнистӣ, намояндагони Конгресси Амрико бо эъломи нигаронӣ аз вуруди кишварашон ба як ҷанги ҷадид, таъкид карданд, ки кишварашон тоби вурӯд ба ин ҷангро надорад .
« Ро Ханна », « Рашида Тлаиб » ، « Марк Покан » ва сенатори Ҷумҳурихоҳ « Ранд Паул » аз ҷумлаи намояндагон Конгресс буданд, ки эълом карданд Вашингтон наметавонад даргири ҷанги дигарӣ шавад. Воқеият ин аст, ки ҳамлаи Амрико ва Инглис ба Яман дар идомаи наслкушии мардуми Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ аст .
Идомаи ин ҳамлаҳо метавонад таъсироти амиқӣ бар таҳаввулоти минтақа дошта бошад ва боиси афзоиши танишҳо дар минтақа шавад. Бинобарин ҳаргуна истимрори вазъияти ҷангӣ дар дарёӣ Сурхи марбут ба навъ ва шиддати посӯхи Ансоруллоҳ арзёбӣ мешавад .