Худдории гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия аз музокироти Қазоқистон
Даҳҳо гурӯҳи мухолифи давлати Сурия аз таҳрими музокироти Қазоқистон хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия рӯзи душанбе бо имзои баёнияе бо иддаои нақзи тавофуқи оташбас дар ин кишвар эълом карданд, ки дар гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона, пойтахти Қазоқистон ширкат нахоҳанд кард.
Шӯрои амнияти Созмони милал шанбешаб бо тасвиби пешнависи қатъномаи пешниҳодии Русияву Туркия барои барқарории оташбас дар Сурия, ҳимояти худро аз таваққуфи даргириҳову суръат бахшидан дар кумакрасонӣ ба осебдидагон дар манотиқи мухталифи Сурия ва ҳамчунин музокироти оянда дар Остона, пойтахти Қазоқистон эълом кард.
Тавофуқи оташбас дар Сурия аз нахустин дақоиқи рӯзи ҷумъа иҷро шудааст.