Январ 16, 2024 11:13 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти эътирозии зидди нахуствазири режими саҳюнистӣ

Ҳудуди 2 ҳазор шаҳракнишини исроилӣ зидди Бинёмин Натанёҳу- нахуствазири режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҷазира, шаҳракнишинони саҳюнист бо таҷаммӯъ дар баробари Кнессет (парлумон) ва дафтари нахуствазирии режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ шиорҳои зидди Натанёҳу ва кабинаи режими саҳюнистӣ сар доданд ва барканории кабинаи Исроилро хостор шуданд.

 Рӯзи гузашта низ шаҳракнишинони саҳюнист дар Тел-Авив ва шаҳраки саҳюнистии "Баъири" бо баргузории тазоҳурот аз Натаняҳу хостанд, ки барои озодии асирони саҳюнист назди муқовимати Фаластин дар борикаи Ғазза талош кунад.

 Муқовимати Фаластин ҳафтуми октябри гузашта дар вокуниш ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар ҳаққи миллати Фаластин амалиёти "Туфонул-Ақсо"ро зидди ин режем ба иҷро даровард ва муваффақ шуд камаш 239 саҳюнистро ба асорат дароварад, ки 105 нафар аз ин асирон дар қолаби тавофуқи оташбаси муваққат миёни режими саҳюнистӣ ва Ҳамос дар баробари 240 асири фаластинӣ озод шуданд.

 Бино бар эъломи режими саҳюнистӣ 134 асири саҳюнист ҳамчунон назди муқовимат дар борикаи Ғазза ҳастанд.

 Нотавонии Натанёҳу дар озодии асирони саҳюнист пас аз 100 рӯз ҳамлаи ваҳшёна ба борикаи Ғазза эътирозоти шадидеро дар сарзаминҳои ишғолӣ зидди ӯ ва кабинааш дар пай доштааст.

 Хабари дигар инки лашкари 36 артиши режими саҳюнистӣ, ки аз борикаи Ғазза ақибнишинӣ кард.

 Дар ҳоли ҳозир 3 лашкари 98, 99 ва 162 неруи заминии артиши ишғолгари режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ҳузур доранд.

Ақибнишинии лшкари 36 дар ҳоле аст, ки пештар расонаҳои ибризабон иқрор карданд режими саҳюнистӣ дар аз байн бурдани контроли Ҳамос бар борикаи Ғазза шикаст хӯрдааст.

 Рӯзномаи Гааретс низ дар гузорише навишт бо боло гирифтани танишҳо дар Каронаи бохтарӣ як қисми вежаи артиши режим саҳюнистӣ аз борикаи Ғазза ба Каронаи бохтарӣ мунтақил шудааст.

 

 

 

Барчасп