Тазоҳурот дар шарқи Арабистон дар солгарди эъдоми Шайх Немер
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i11107
Шиаёни Арабистон дар нахустин солгарди шаҳодати рӯҳонии муборизи ин кишвар дар минтақаи Алавомия дар Алқатиф (шарқи Арабистон) тазоҳурот карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 03, 2017 17:11 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳурот дар шарқи Арабистон дар солгарди эъдоми Шайх Немер

Шиаёни Арабистон дар нахустин солгарди шаҳодати рӯҳонии муборизи ин кишвар дар минтақаи Алавомия дар Алқатиф (шарқи Арабистон) тазоҳурот карданд.

Ба иттилои Ирно, сокинони минтақаи Алавомия душанбе шаб дар чорчуби фаъолиятҳои ҳафтаи шаҳид Немер дар Алавомия бо сар додани шиорҳое зидди Оли Сауд, аз ормонҳои ин рӯҳонии мубориз ҳимоят ва бар идомаи роҳи ӯ таъкид карданд .

Тазоҳуркунандагони арабистонӣ ҳамчунин аз мақомоти Саудӣ хостанд, то пайкарҳои кушта шудагонеро, ки аз таҳвили онон ба хонаводаҳояшон сарбоз мезананд, ба онон бозгардонанд .

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам рӯзи душанбе ба муносибати нахустин солгарди шаҳодати Шайх Немер Боқир Аннемер, рӯҳонии муборизи арабистонӣ бо роҳандозии ҳаштаги #хуни Шайх Немер бепосух нахоҳад монд, дар фазои маҷозӣ, бар идома додани роҳи ин олими мубориз таъкид карданд .

Дар дигар манотиқи ҷаҳон аз ҷумла шаҳри муқаддаси Карбало дар Ироқ, Лубнон, Баҳрайн, Берлини Олмон ва Лондон низ ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати Шайх Немер, барнома ва фаъолиятҳое дар маҳкумияти эъдоми ин олими барҷаста баргузор шуд .

Шайх Немер Боқир Аннемер дар июли 2012 дар паи эътирозҳои густардае, ки дар феврали 2011 дар Қатиф, минтақаи шианишин дар шарқи Арабистон рӯй дод, боздошт шуд ва дар 15 октябри 2015 додгоҳи кайфарии Оли Сауд ӯро ба иттиҳоми иқдоми зидди амнияти миллӣ ва муҳориба, ба эъдом бо шамшер ва ба салиб кашида шудан дар анзори умумӣ маҳкум кард .

Эъдоми Шайх Немер дар дуввуми январи 2016 бо вокунишҳои минтақаӣ ва созмонҳои мустақили байналмилалӣ ҳамроҳ шуд .