Муқовимати Ироқ пойгоҳи Амрикоро мушак борон кард
Неруҳои муқовимати Ироқ бо 40 ракета ва мушак пойгоҳи низомиёни амрикоӣ "Айнуласад" дар устони Алонборро ҳадаф қарор доданд.
Ситоди фармондиҳии марказии Амрико дар баёнияи бо тайиди ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳ "Айнулоасад" эълом кард: Дар пайи ҳамлаи мушакӣ ва ракетии муқовимати Ироқ ба пойгоҳи Айнуласад дар ғарби Ироқ теъдоди аз низомиёни амрикоӣ таҳти арзёбии осеби мағзӣ қарор гирифтаанд.
Ба гуфта як мақоми амрикоӣ ки номаши фош нашудааст дар неруҳои муқовимати Ироқ ба "Айнуласад" аз чанд мушаки болистик "TBM" истифода шудааст.
Муқовимати исломии Ироқ бо интишори баёнияӣ масулити ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар "Айнуласад"-ро бар уҳда гирифт.
Гуруҳҳои муқовимати Ироқ ба дунболи ҷиноёт ва ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ зиди мардуми мазлуми Фаластин ба вижаи борикаи Ғазза ва ҳимояти Вашингтон аз ин ҳамалот ба Амрико ҳушдор дод ки пойгоҳҳои ин кишвар дар минтақаро ҳадаф қарор хоҳад дод.
Муқовимати исломии Ироқ ҳамчунин бар идомаи ҳадаф қарордодани мавозиъи неруҳои ишғолгари Амрико ва пойгоҳҳои онҳо таъкид кард.
Бештар бихонед :