Иморот; ҳарифи Тоҷикистон дар марҳалаи 1/8- ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё
Январ 24, 2024 12:12 Asia/Dushanbe
Ҳарифи тими миллии футболи Тоҷикистон дар марҳалаи 1/8 ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё -2023 дар Давҳа мушаххас шуд. Тими миллии Тоҷикистон дар ин марҳала аз рақобатҳо ба масофи тими Иморот меравад.
Ба гузориши сомонаи Ховар, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро гирифт. Дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо чаҳор имтиёз дар чаҳоргонаи «С» дуюм шуд.
Бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Барчасп