Ҳамлаи мушакии Яман ба киштии англисӣ дар халиҷи Адан
(last modified Sat, 27 Jan 2024 08:16:23 GMT )
Январ 27, 2024 13:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакии Яман ба киштии англисӣ дар халиҷи Адан

Яҳё Сареъ-сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман шомгоҳи ҷумъа аз ҳамлаи мушакӣ ба як нафткаши мутааллиқ ба Англия дар халиҷи Адан хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сареъ бо ишора ба инки мушакҳо ба ҳадаф бархурд кард ва боиси оташсӯзӣ дар он шуд, гуфт: Амалиёти мо алайҳи киштиҳои исроилӣ ё киштиҳои роҳии бандарҳои Фаластин то таваққуфи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ва ворид шудани ғизо ба Ғазза идома хоҳад дошт.

 Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Яман тамоми тадбирҳои низомии лозимро дар ростои ҳаққи дифоъ аз худ андешида, то ҳамбстагии амалии худро бо миллати Фаластин нишон диҳад.

 Амрико ва Англия бомдоди 21 даймоҳ дар пайи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Миллал, ҳамла ба мавозеъи Ансоруллоҳи Яманро оғоз карданд.

 Ин ҳамлаҳо пас аз он анҷом шуд, ки артиши Яман тайи ҳафтаҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин дар навори Ғазза чанд киштии саҳюнистӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандаб ҳадаф қарор дод.

 Неруҳои артиши Яман мутааҳҳид шудаанд, то замоне, ки режими Исроил ҳамлаҳои худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх идома хоҳанд дод.

 Неруҳои артиши Яман таъкид кардаанд, ки киштиронӣ дар халиҷи Адан ва бари Сурх барои игар киштиҳо озод аст ва онҳо аз амнияти комил бархурдор ҳастанд.